ҚАДРДОНИИ КОРМАНДОНИ МОЛИЯ БАХШИДА БА РӮЗИ МОЛИЯЧИЁН

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бахшида ба 28-солагии таъсисёбии ҲХДТ ва рузи кормандони мақомоти молия бо иштироки муовини Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб Фирӯз Саймуминзода дар Раёсати молияи шаҳри Кӯлоб вохӯрӣ баргузор карда шуд.
Нахуст, Саймуминзода Фирӯз аз нақши кормандони мақомоти молия дар рушду инкишофи Тоҷикистони азиз, саҳми онҳо дар беҳбудии шароити зиндагии мардум, хизматҳои шоёни онҳо дар корҳои ободониву созандагӣ ёдовар шуданд.
Дар фарҷом ки аъзоёни фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз тарафи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб бо сипоснома қадрдонӣ карда шуданд.