ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН-ҲИЗБИ ИФОДАГАРИ ОРМОНҲОИ МАРДУМӢ ВА АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар марҳилаи ҷаҳонишавӣ вазифаи ҳар як давлату миллат пеш аз ҳама ҳифзи арзишҳои миллию суннатӣ, таҳкими давлатдории миллӣ ва ҳифзи дастовардҳои истиқлолият мебошад. Маҳз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар айёми бисёр ҳассос-замоне, ки Тоҷикистони азиз дар оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ месӯхт ва мардуми азияткашидаи тоҷик интизор буданд, ки як нерӯи тозае ба майдони сиёсӣ ояду ба ин нобасомониҳо хотима бахшад ва он заруриятҳои таърихӣ ва ормонҳои миллии мардумро бароварда созад, ба майдони сиёсат ворид гардид.
Бахшида ба 28-умин солгарди таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Шифо” бо иштироки мудири шуъбаи кор бо ҷавонон-Шоева Дилноза ва мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуот-Нусратова Шаҳноза соати сиёсӣ гузаронида шуд. 
Дар охир ба аъзои тозаинтихоби Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон билети ҳизбӣ супорида шуд.