ДАР ПАЙРАВӢ АЗ АМАЛҲОИ НЕКИ ПЕШВО

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Маъюбону барҷомондагон ва шахсони яккаву танҳо пайваста зери ғамхории давлату ҳукумат, хусусан Пешвои миллат, раиси   муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, ба ин табақаи ниёзманди ҷомеа ҳамеша таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд.
Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат вобаста ба дастгирии нафарони дорои имконияташон маҳдуд, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб ҳармоҳ ба ду нафар маъюбон нафақаи ҳизбӣ таъмин менамояд.
Ин навбат бо фарорасии рӯзи байналмиллалии маъюбон нафақаи ҳизбӣ ба маъюбон дастрас карда шуд. Маъюбон дар навбати худ миннатдории бепоёни хешро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Роҳбарияти Олии ҲХДТ изҳор намуда, аз фазои орому осуда ва сулҳу амонӣ шукргузорӣ намуданд.