ВОХӮРИҲО ДОИР БА МАВЗУҲОИ МУБРАМИ РӮЗ

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо иштироки муовини Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб Фирӯз Саймуминзода, мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи МИҲД-и шаҳри Кӯлоб Нозимзода Фариштамо, мутахассиси пешбари бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои МИҲД-и шаҳри Кӯлоб Салимов Саймуҳаммад, директори маркази фарҳангии ҷавонон Суярзода Мафтуна соати сиёсӣ бо сокинони маҳаллаи Файзободи боло ва Файзободи поён гузаронида шуд.

Зимни вохӯрӣ баромадкунандагон оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, пешгирии нашъамандӣ, баланд бардоштани маърифатнокии ҷавонон, ташвиқу тарғиби либоси миллӣ ва унсурҳои он, мустаҳкам намудани оилаҳо миёни ҷавонон ва масъалаҳои доғи рӯз сухан намуданд.

Дар охир ҳозирин миннатдории худро ба ташкилкунандагони вохӯрӣ баён намуда, ба суолҳои хеш посухҳои мушаххас гирифтанд.