ҶАВОНОН ДАР ФАЪОЛИЯТИ ҲХДТ НАҚШИ МЕҲВАРӢ ДОРАНД

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар асоси Барнома ва Оиннома, таҳти шиори “Баҳри пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум” фаъолият намуда, аъзоён ва ҷонибдорони он тамоми саъйю талоши худро баҳри пешрафту шукуфоии Тоҷикистони азиз намуда истодаанд.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз лаҳзаи таъсисёбӣ дар тамоми давраи фаъолият ба ҷавонон пайваста таваҷҷуҳ намуда, онҳоро дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ дастгирӣ менамояд. Ин аст, ки рӯз то рӯз шумораи зиёдшавии аъзоён ба сафи ҲХДТ афзуда истодааст. Ба ҳамин мисол якчанд нафар аз ҷавонони фаъоли шаҳри Кӯлоб ба Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб муроҷиат намуда, соҳиби шаҳодатномаи ҳизбӣ гардиданд. 
Шаҳодатномаҳои ҳизбӣ аз ҷониби Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДт дар шаҳри Кӯлоб Гадоев Салим Сайвалиевич, вакили маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб Асозода Ҳотами Раҷаб ба ҷавонон супорида шуд.