ОБОДКОРӢ ҲАМ ИБОДАТ АСТ!

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Таҳти ин шиор  дар коллеҷи омӯзгории ДДК ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳашарӣ умумӣ ташкил карда шуд. Дар ҳашари умумӣ зиёда аз 60-нафар донишҷӯёну омӯзгорон ва кормандони қисми хоҷагидорӣ иштирок намуданд. Аҳли кормандону донишҷӯёни муассиса иқдом пеш гирифтанд, ки тибқи нақшаи чорабиниҳои аз тарафи маъмурияти муассиса  тасдиқ гардида, ҳар ҳафта ин гуна ҳашарҳои умумиро ташкил намоянд ва дар ободу зебо гардонидани як гӯшаи диёр саҳми арзандаи худро гузоранд.