БАРГУЗОРИИ СОАТИ СИЁСӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “ОСОРХОНА”

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо иштироки Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб-Гадоев Салим Сайвалевич, вакили маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб, директори ҷумҳуриявии муҷтамаи осорхонаҳои шаҳри Кӯлоб Асозода Ҳотам Раҷаб дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Осорхона” соати сиёсӣ баргузор карда шуд.
Зимни суҳбат Гадоев Салим баён доштанд, ки тавре медонед, 30 солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Президент Рӯзи парчами давлатиро мардуми шарафманди шаҳри Кӯлоб бо як руњияи баланд таљлил намуданд. Саҳми ҳар яке аз Шумо дар ободонии кишвари азизамон назаррас мебошад, ки дар ин росто ба ҳамаи Шумо ҳамсафони гиромӣ изҳори сипос менамоем.
Дар Оинномаи ҲХДТ омадааст, ки асоси ҳизбро ташкилоти ибтидоӣ ташкил мекунад. Бинобар ин ба мо зарур аст, ки ба сафи ҳизб он шахсоне шомил карда шаванд, ки Оиннома ва Барномаи ҲҲДТ-ро дуруст дарк кардаанд. Барои ноил шудан ба ҳадафҳои барномавии ҳизбӣ, ки аз сиёсати хирадмандонаи Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад, мо тавассути намояндагони худ дар ҳама шохаҳои ҳокимият талош мекунем, то барои таъмини ширкат дар рушди устувори ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии кишвар ба ҳар як сокини мамлакат шароити мусоид фароҳам оварда шавад,- қайд намуданд дар баромади худ раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Гадоев Салим Сайвалиевич.
Сипас, аъзои фаъоли ҲХДТ Достиева Солеҳамо маърузаи пурмазмуне таҳти унвони “Фахри миллат” манзури ҳозирин гардонид.
Дар охир раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии Осорхона Асозода Ҳотами Раҷаб бо шукргузорӣ аз фазои орому осудагии Тоҷикистони азиз аз лаҳзаҳои мудҳиши солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ёдоварӣ намуда, ба ҷавонон зиракии сиёсиро таъкид намуданд.