БАРГУЗОРИИ СОАТИ СИЁСӢ ДАР ФАКУЛТЕТИ МУҲАНДИСӢ-ЭНЕРГЕТИКИИ ДТМИК

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи амалиёти муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақша-чорабинӣ соати сиёсӣ дар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон гузаронида мешавад. Мақсад аз баргузор намудани хонишҳои сиёсӣ миёни ҷавонон тарбияи онҳо дар руҳияи  ватандустӣ, худшиносӣ, ҳуввияти миллӣ ва эҳтиром гузоштан ба давлату миллати хеш аст.

Ба ҳамин хотир дар Факултети муҳандисӣ-энергетикии ДТМИК аз ҷониби омӯзгорони соҳибтаҷрибаи ин муассиса соати сиёсӣ гузаронида шуд. Омӯзгорон дар рафти соати сиёсӣ доир ба мавзуҳои зерин сухан намуданд:

1. Вазъи сиёсии Тоҷикистон ва ҷаҳон;

2. Нақши Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

3. Иштироки ҷавонон да ҳаёти сиёсиву иқтисодии кишвар;