АМАЛИШАВИИ АКСИЯИ ҲИЗБИИ “ЯКҶОЯ МЕСОЗЕМ!” БО ДАСТГИРИИ РАИСИ ШАҲРИ КӮЛОБ НАЗАРЗОДА БАХТИЁР ХУДОЁР

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар пайравӣ аз амалҳои неку созандаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон тайи 2–соли охир як қатор аксияҳоро баҳри пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум ба роҳ мондааст. Хушбахтона, имрӯз амалишавии ин аксияҳо дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят ба назар расида, ҳамовозӣ пайдо карда истодаанд. 
Бо дастгирӣ ва ибтикори узви Раёсат ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб, раиси шаҳр Назарзода Бахтиёр Худоёр роҳи маҳаллаи Фирдавии шаҳри Кӯлоб мумфарш карда шуд, ки дар ин маросим бевосита худи раис ва дигар фаъолони шаҳр иштирок намуданд. Ин ташаббуси узви фаъоли ҲХДТ аз ҷониби кулли сокинон хуш пазируфта шуда, шодиҳои онҳо ҳадду канор надошт, зеро ки сарчашмаи ҳама пешравиҳою ободкориҳо роҳи обод аст. Ва ин амали хайру савоб маротибаи чандум аст, ки аз ҷониби узви фаъоли ҲХДТ-Назарзода Бахтиёр Худоёр иҷро шуда истодааст.