РАҲПАЙМОИИ ҶАШНӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо иштироки раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр, раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Гадоев Салим Сайвалиевич, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои шаҳр, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳи Давлатии Кӯлоб, Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионии шаҳри Кӯлоб, коллеҷи тиббӣ, коллеҷи омӯзгорӣ, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, кормандони соҳаи тандурустӣ Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб таҷлил гардид.
Нахуст, аз ҷониби раиси шаҳри Кӯлоб ва дигар шахсони расмӣ чун рамзи эҳтирому садоқат дар назди пояи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гулчанбар гузошта шуд.
Сипас, бо шукргузорӣ аз фазои орому осоиштаи Тоҷикистони азиз бо иштироки васеи хизматчиёни давлатӣ, собиқадорону фаъолони шаҳр, кормандони масъули ҳизбии Кумитаи иҷрияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб, намояндагони касбу кори гуногун, занону бонувон, донишҷӯёну хонандагон аз назди боғи Парчами давлатӣ то Қасри фарҳанги шаҳри Кӯлоб раҳпаймоӣ баргузор карда шуд.