ИҶЛОСИЯЕ, КИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОНРО БА МИЛЛАТИ ТОҶИК ҲАДЯ НАМУД.

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб Фирӯз Саймуминзода дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Эҷод” маҷлиси тантанавӣ, бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президент баргузор карда шуд, ки дар он аъзоён ва ҷонибдорони ҲХДТ иштирок намуданд.
Баҳри барқарор намудани асосҳои давлатдорӣ ва таъмини қонуният, сулҳ ва ризоияти миллӣ, 16-уми ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанди бостонӣ Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Бахти миллати тоҷик буд, ки Иҷлосияи сарнавиштсози 16-уми Шӯрои Олӣ ва имзои Созишномаи истиқрори сулҳ, ки бузургтарин дастоварди миллати тоҷик ба ҳисоб меравад, миллати тоҷикро аз хатари парокандашавӣ раҳо бахшид. Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олӣ дар саҳифаи таърихи давлатдории навини Ҷумҳурии Тоҷикистон чун шиор “Иҷлосияи тақдирсози халқи тоҷик” бо хатти заррин навишта шуд.
Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳамияти таърихии Иҷлосияи сарнавиштсози миллатро басо воло иброз менамоянд: “Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ бо тақозои таърих на танҳо тифли дар гавҳорабудаи истиқлолиятро наҷот дод, балки тақдири ояндаи ӯро муайян сохт ва Тоҷикистони тозаистиқлолро ба сӯйи ҷомеаи мутамаддин ва арзишҳои волои башарӣ ҳидоят намуд”-қайд намуданд дар баромади худ Фирӯз Саймуминзода.
 Дар охири маҷлис ба як қатор аъзоёни нави ҲХДТ билетҳои ҳизбӣ супорида шуд.