КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ БАХШИДА БА 30-СОЛАГИИ ИҶЛОСИЯИ 16-УМИ ШӮРОИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар толори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб бо иштироки Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб-Гадоев Салим Сайвалиевич, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Кӯлоб-Ғаффорзода Давлатҷон, иштирокчии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори ТВК- Бозорзода Сафаралӣ ва Раиси Шӯрои собиқадорони ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб-Нозимов Талаб ҳамоиши ҳизбӣ баргузор карда шуд.
Нахуст Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб чорабиниро ифтитоҳ намуда, ҳозиринро ба ин санаи муҳими таърихӣ муборакбод намуд.
Бозорзода Сафаралӣ-директори Телевизиони Кӯлоб, иштирокчии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои мудҳиши ҷанги шаҳрвандӣ, вазъияти мардуми Кӯлобшаҳри бостонӣ дар он давра ёдоварӣ намуданд.
Нозимов Талаб-раиси собиқадорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо ёдоварӣ аз лаҳзаҳои солҳои ҷанги шаҳрвандӣ, замони гуруснагиву  даҳшат ба ҷавонони саодатманди даврони Истиқлолият таъкид намуданд, ки ба қадри ин меҳану сарзамин, ба қадри ҷоннисориҳои фарзонафарзандони диёр баҳри таъмини сулҳу амнияти кишвар бирасанд.
Дар идома Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Кӯлоб Давлатҷон Ғаффорзода ҳозиринро ба санаҳои муҳими таърихӣ муборакбод намуда, аз фидокориҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан намуданд.
Яке аз сармояи асосии давлатдории навини тоҷикон ин –Иҷлосияи 16 – Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, ки ин сармояи инсониро фарзанди фарзонаи миллати тоҷик Пешвои муаззами миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои миллати тоҷик ва мардуми Тоҷикистон фароҳам овард;
Ин иҷлосия дар ҳақиқат таърихӣ ва тақдирсоз ба ҳисоб меравад. Муҳимтарин дастоварди иҷлосияи мазкур – ба сифати Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Яъне Иҷлосияи таърихии XVI-уми Шӯрои Олии ҶТ барои миллати тољик замина барои таъмини ваҳдату ягонагӣ, вусъати худогоҳиву худшиносӣ, ифтихору ҳувияти миллӣ ва ба муттаҳид шудан халқи тоҷик нақши муассир дорад қад намуданд дар баромади худ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб  Гадоев Салим Сайвалиевич.
Роҳбари намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан-3” Ятимов Алишер дар баромади худ аз нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти сиёсати давлатии ҷавонон ва дастгирии ҷавонон дар ҳама соҳаҳо сухан намуданд.
Дар охири чорабинӣ ба собиқадорон, фаъолон Сипосномаи ҳизбӣ ва ба нафароне, ки ба сафи ҲХДТ шомил гардиданд билети ҳизбӣ супорида шуд. Инчунин ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли мусобиқаи варзишии футболи хурд “Барои дарёфти Ҷоми Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб” бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷоми Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб, диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ мукофотонида шуданд. Дар ин мусобиқа ҷойи аввал ва Ҷоми Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб насиби дастаи Донишгоҳи Давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, ҷойи дуюм насиби дастаи Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионии Кӯлоб, ҷойи сеюм насиби дастаи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Кӯлоб ва ҷойи ифтихори сазовори коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб гардид.