НАҚШИ ИҶЛОСИЯИ XVI ШӮРОИ ОЛӢ ДАР ТАҲКИМИ СУЛҲУ СУБОТИ КИШВАР

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Таҳти ҳамин унвон дар шаҳри Кӯлоб бо ибтикори Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ бахшида ба 30-юмин солгарди Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор карда шуд.
Дар конференсияи мазкур: раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб Гадоев Салим Сайвалиевич, директори Донишкада номзади илмҳои техникӣ, дотсент муҳтарам Шоҳиён Алмосшо Набот, мудири шуъбаи рушди иҷтимои ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Кўлоб Ғаффорзода Давлатҷон,  директори муҷтамаи ҷумҳуриявии осорхонаҳои Кӯлоб Асозода Ҳотам, номзади илмҳои педагогӣ, профессор Иброҳимов Гурез, аълочии маориф ва илми Тоҷикистон Нозимов Талаб, номзади илмҳои физика Ғаффоров Саттор иштирок ва суханронӣ намуданд.   
Конференсияи мазкур бо садо додани Суруди миллӣ ҳусни оғоз бахшида шуд. Директори Донишкада номзади илмҳои техникӣ, дотсент Шоҳиён А.Н. чорабиниро ифтитоҳ бахшида қайд доштанд, ки пўшида нест, ки дар оғози солҳои 90 – уми асри ХХ дар харитаи сиёсии ҷаҳон тайғиротҳои сифатан кулли арзи ҳастӣ кард. Бунёди давлати абарқудрати Шўравӣ ба дасти ҳизбиёни яккатозаш аз дохил фурў рехт. Натиҷа ҳамин буд, ки собиқ ҷумҳуриҳо соҳибистиқлол гардиданду озодии мустақилонаи худро ба даст оварданд. Дар ин раванди давлатсозӣ мардумони хушзеҳну зудбовари моро душманони дохиливу хориҷӣ ба ҷангу низоъҳои нобихрадонаи таҳмилии ҳамватанӣ кашиданд. Дар саросари кишвари мо буҳрони амиқ сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва мафкуравиву мазҳабӣ доман паҳн кард. Тоҷикистон кишвареро мемонд, ки дар гирдоби бетаги уқёнус ба маҳву нобуди гирифтор шуда, сарнишинони он дар талвосаи ҷонканӣ қарор доштаанд. 
Дар чунин шароити вазнин ва воқеан тақдирсоз фарзандони огоҳи миллат 
ва қувваҳои солими ҷомеа ба хотири наҷоти давлат ва миллат муттаҳид шуда тамоми саъю талоши худро барои аз гирдоби ҷанги бародаркӯшӣ таҳмилӣ
раҳоӣ бахшидани мардум сафарбар намуданд. 
Ҳамин тавр, Иҷлосияи тақдирсози шонздаҳуми Шўрои Олӣ моҳи ноябри 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд дар мавзеи таърихии он Қасри Арбоб баргузор гардид. Дар ин Иҷлосияи тақдирсоз Офаридгор ба бахти мардуми кишвар фарзанди содиқу вафодор, матин ва далеру номбардор – абармарди дунёи сиёсат, Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмонро ба сари қудрат овард. Сарвари навинтихоби Тоҷикистон тамоми қувва ва иродаю имконияти хешро дар он шабу рўз барои таъмини сулҳи сартосарӣ, баргардонидани муҳоҷирин ба Ватан, ҳифзи истиқлолияти миллӣ ва шурўи музокирот бо мухолифони собиқ равона намуд. Сарвари олинишони давлатамон барои аз вартаи нестшавӣ баровардани Тоҷикистон, ба даст овардани ягонагии маънавӣ ва сиёсати кишвар, эҷоди ҳусни тафоҳўми гурўҳ ва қишрҳои ҷомеа бо садоқату ҷонфишонӣ мубориза бурданд. Бо шарофати ҷуръату матонати беандоза, масъулияти баланди ватандорӣ ва талошҳои пайгиронаи Сарвари дурандешу тавоноямон имконпазир гардид, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлол дар муҳлати кўтоҳ суботи сиёсиву ваҳдати миллӣ пойдор гардид. 
Дар фарҷоми суханронии хеш ҳозиринро ба 30 – солагии Иҷлосияи XVI Шўрои Олӣ ва Рўзи Президент табрик гуфта осмони софу беғуборо таманно 
намуданд. 
Тибқи барномаи кори конференсия маърўзаҳои зерин:  
1.Маърўзаи илмӣ дар мавзӯи «Иҷлосияи XVI-уми Шўрои Олӣ поягузори давлатдории навини Тоҷикистон» - Гадоев Салим Сайвалиевич раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб. 
Гадоев Салим Сайвалиевич зикр намуданд ки:  Яке аз сармояи асосии давлатдорини навини тоҷикон ин –Иҷлосияи 16 – Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, ки ин сармояи инсониро фарзанди фарзонаи миллати тоҷик Пешвои муаззами миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои миллати тоҷик ва мардуми Тоҷикистон фароҳам овард. Ин иҷлосия дар ҳақиқат таърихӣ ва тақдирсоз ба ҳисоб меравад. Муҳимтарин дастовардҳои иҷлосияи мазкур - ба сифати Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Аз 197 нафар вакил 186 (95%) нафар номзадии Эмомалӣ Раҳмонро дастгирӣ намуданд. Аз ин лиҳоз, дар таърихи миллат ва давлатдории навини тоҷик сарнавиштсоз будани Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон маҳз дар ҳамин зоҳир мегардад. Пас аз баромади нахустини муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи минбаъдаи сулҳу дустӣ ва тараққиёти кишвар заминагузорӣ гардид.
2. Маърўзаи илмӣ дар мавзуи «Иҷлосияи тақдирсоз ва аҳамияти таърихии он» саромўзгори кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва забонҳо Шоинов Ҳасан; 
3. Маърўзаи илмӣ дар мавзуи «17 рўзе, ки тоҷикон нигарони он буданд» - саромўзгори кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва забонҳо Сайдалиева Гулбаҳор; 
4. Маърўзаи илмӣ дар мавзуи «Нақши Иҷлосияи тақдирсоз дар таърихи навини давлатдории тоҷикон» ассистент Шеравганзода Зулфия шунида шуданд. Баъд аз шунидани маърўзаҳои илмӣ музокираҳо сурат гирифта, барои дар амал татбиқ намудани сиёсати давлатӣ, тайёр намудани кадрҳои баландихтисос як қатор устодон бо сипоснома, меҳрнома ва мукофоти пулӣ таъсиснамудани раёсати Донишкада қадрдонӣ карда шуданд.  
Дар фарҷом барномаи рангини фарҳангии омоданамудаи донишҷўёну ҳунармандони шаҳри Кӯлоб пешкаши ҳозирин гардонида шуд.