АЁДАТИ ҶАВОНОНИ МАЪЮБ ДАР АРАФАИ ҶАШНҲОИ ТАЪРИХӢ

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо пуштибонӣ аз сиёсати хирадмандонаву ғамхоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати расонидани кӯмак ба табақаҳои ниёзманди аҳолӣ  имрӯз аз ҷониби Сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон Қурбонзода Қурбон, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши минтақаи Кӯлоб Хоҷаев Маҳмуд ва мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Кӯлоб Нозимов Абдулло дар арафаи таҷлили ҷашнҳои таърихӣ аёдати ҷавонони маъюб роҳандозӣ гардид. Дар рафти дидорбинӣ масъулин аз ғамхориҳои доимии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва давлату Ҳукумат нисбат ба ин қишри ҷомеа андешаронӣ намуданд.