ИДОМАИ ХОНИШҲОИ СИЁСӢ ДАР ФАКУЛТЕТИ МУҲАНДИСӢ - ТЕХНОЛОГӢ

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи нақшаи хонишҳои сиёсӣ санаи 01.11.2022 дар факултети муҳандисӣ - технологӣ байни донишҷӯёни курсҳои дуюм ва сеюм хониши сиёсӣ бо иштироки сардори раёсати тарбия Шарипов Рустам, сардори шуъбаи махсус таъминоти ҳуқуқӣ ва муқовимат бо коррупсия ва бегонапарасӣ Гулов Ҳасан, мудири бахши ҷавонон Мирзо Бегматов, ҷонишини декан оид ба таълим Зуҳуров Шомиддин, ҷонишини декан оид ба тарбия Чолова Сайрамбӣ гузаронида шуд.
Дар рафти суҳбат мавзуҳои зерин:
Ҳифзи дастовардҳои Истиқлолият,  иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон аз ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, риояи тартиботи ҷамъиятӣ дар кучаву маҳалаҳо, истифодаи дурустӣ шабакаҳои иҷтимоӣ, мутолиаи китобҳои бадеӣ, пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ, одобу муошират, эҳтироми волидайн, ҷалби ҷавонон ба хизмати Модар Ватан, вазъи сиёсии ҷаҳон ва дигар мавзӯҳои рузмара мавриди омӯзиш ва бараси қарор дода шуд.