ИДОМАИ ХОНИШҲОИ СИЁСӢ ДАР ФАКУЛТЕТИ ИҚТИСОДИЁТИ РАҚАМӢ ВА ИНТЕЛЛЕКТИ СУНЪӢ

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

​​Дар доираи нақшаи хонишҳои сиёсӣ санаи 31.10.2022 дар факултети иқтисодиёти рақамӣ ва интеллекти сунъӣ дар байни донишҷӯёни курсҳои дуюм ва сеюм хониши сиёсӣ бо иштироки сардори раёсати тарбия Шарипов Рустам, сардори шуъбаи махсус таъминоти ҳуқуқӣ ва муқовимат бо коррупсия ва бегонапарасӣ Гулов Ҳасан, сарнозири шуъба Шарипова Розия, ҷонишини декан оид ба таълим Ҳисайнов Наврӯз гузаронида шуд.
Дар рафти суҳбат мавзуҳои зерин:
Ҳифзи дастовардҳои Истиқлолият,  иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон аз ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, риояи тартиботи ҷамъиятӣ дар кучаву маҳалаҳо, истифодаи дурустӣ шабакаҳои иҷтимоӣ, мутолиаи китобҳои бадеӣ, пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ, одобу муошират, эҳтироми волидайн, ҷалби ҷавонон ба хизмати Модар Ватан, вазъи сиёсии ҷаҳон ва дигар мавзӯҳои рузмара мавриди омӯзиш ва бараси қарор дода шуд.