ХОНИШИ СИЁСӢ

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Раёсати тарбия, тарғибот ва масоили иҷтимоӣ, шуъбаи махсус, таъминоти ҳуқуқӣ, муқовимат бо коррупсия ва бегонапарастии Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб нақшаи хонишҳои сиёсиро таҳия ва тасдиқ намуда аз руи он дар байни донишҷӯёни Донишкада хонишҳоро доир намуда истодааст.

Ин навбат санаи 31.10.2022 дар факултети муштараки тоҷикӣ - россиягӣ ва технологияҳои дурнамои илмиасос дар байни донишҷӯёни курсҳои дуюм ва сеюм хониши сиёсӣ доир карда шуд. Дар хониши сиёсӣ сардори раёсати тарбия Шарипов Рустам, сардори шуъбаи махсус таъминоти ҳуқуқӣ, муқовимат бо коррупсия ва бегонапарастӣ Гулов Ҳасан, сардори шуъбаи кор бо ҷавонон Мирзо Бегматов, муовини декани оид ба тарбия, Тахминаи Усмон иштирок ва суханрони намуданд.

Мавзӯҳои зерин:

Ҳифзи дастовардҳои Истиқлолият, иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон аз ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, риояи тартиботи ҷамъиятӣ дар кучаву маҳалаҳо, истифодаи дурустӣ шабакаҳои иҷтимоӣ, мутолиаи китобҳои бадеӣ, пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ, одобу муошират, эҳтироми волидайн, ҷалби ҷавонон ба хизмати Модар Ватан, вазъи сиёсии ҷаҳон ва дигар мавзӯҳо мавриди омӯзиш ва бараси қарор дода шуд.