ТАШРИФИ МЕҲМОНОНИ ҶУМҲУРИИ ИСЛОМИИ ЭРОН БА КӮЛОБШАҲРИ БОСТОНӢ

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Имрӯз ҳайати меҳмонони Ҷумҳурии Исломии Эрон бо роҳбарии Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадмеҳдӣ Исмоилӣ ба шаҳри бостонии Кӯлоб ташриф оварданд. Дар даромадгоҳи шаҳр меҳмононро раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр, муовинони раиси шаҳр, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб Гадоев Салим ва ҷавонону фаъолони шаҳр истиқбол намуданд. 

Ҳамзамон меҳмонон аз Маҷмааи Дуои модари шаҳри Кӯлоб дидан намуданд.