СОАТИ СИЁСӢ ДАР МТМУ 52 ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Тибқи нақша – чорабиниҳои тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб ва дар доираи тадбиқи Амалёти муштарак оид ба ҳамкорӣ бо сохторҳои маориф  соати сиёсӣ дар МТМУ 52 дар шаҳри Кӯлоб бо иштироки мудири шуъбаи кор бо занон Мунавараи Бозоралӣ ва мудири шуъбаи кор бо ҷавонон Шоева Дилноза соати сиёсӣ баргузор карда шуд.

Дар «Соати сиёсӣ» вобаста ба мавзӯъҳои «Вазъи сиёсии Тоҷикистон ва ҷаҳон», «Тарбияи ҳарбӣ - ватандӯстии ҷавонон ва аҳамиятнокии Роҳнамо барои ҷалби сарбозони ихтиёрӣ» ва «Нақши 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлатдории навини тоҷикон» суҳбат доир карда шуд.