БА ИСТИФОДАДИҲИИ РОҲИ КӮЧАИ ЧАРМГАРОНИ ПОЁН

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Кӯлоб аз тарафи намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳри Кӯлоб бахшида ба таҷлили ҷашни 35 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор иншооти таъиноташон гуногун мавриди истифодабарӣ қарор дода шуд. Аз ҷумла, бо иштироки вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва раиси шаҳри Кӯлоб Бахтиёр Назарзода дар ин рӯз роҳи кӯчаи Чармгарони поён ифтитоҳ гардида, ҳамзамон меҳмонон аз  намоиши дастовардҳои ҳунармандону бонувони Кӯлобшаҳри бостонӣ, ки ба маъраз гузошта шуда буд, дидан намуданд.