ҲАМОИШИ СИЁСӢ-ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА 30-СОЛАГИИ ИҶЛОСИЯИ 16-УМИ ШӮРОИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

ҲАМОИШИ СИЁСӢ-ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА 30-СОЛАГИИ ИҶЛОСИЯИ 16-УМИ ШӮРОИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН


 Дар толори театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб бо иштироки Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Миралиён Қиёмиддин, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб Шарифзода Гулрухсор, иштирокчии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бозорзода Сафаралӣ, ректори Донишгоҳи Давлатии Кӯлоб Раҳмон Дилшод ва вакили маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб Ҳотам Раҷаби Асозода ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ баргузор гардид.
Нахуст Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, номзади илмҳои сиёсӣ Миралиён Қиёмиддин оид ба аҳамияти таърихию тақдирсозии ин Иҷлосия баромад намуда, бевосита ин ҳама осоиштагиву оромиро ба фарзонафарзанди баруманди халқи тоҷик, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон алоқаманд донистанд.


Дар идомаи ҳамоиш директори Телевизиони Кӯлоб Бозорзода Сафаралӣ-аз рӯзҳои баргузории ин Иҷлосия дар қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд ёдовар шуда, ҷавонон, умуман тамоми мардуми шарафманди Тоҷикистони азизро таъкид ба ҳифзу ҳимояи Ватан намуданд.
Асозода Ҳотамшо- вакили маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб аз рӯзҳои даҳшатбори ба сари миллати тоҷик омада ёдовар шуданд.
Дар охир ҳунармандони шаҳри Кӯлоб бо Сурудҳои саршор аз меҳру муҳаббати Ватан табъи иштирокчиёнро болида гардониданд.