БАҲРИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ

Хуросон:  

Муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон бо мақсади самараноку оқилона истифодабарии замин бо сокинони деҳаи Ҳилолӣ-1Ҷамоати деҳоти Ҳилолӣ бо усули “Хона ба хона” корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд.

Бояд қайд намуд, ки дар замини наздиҳавлигӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ бо сокинон ҷуворимаккаи дон, пахта, болғарӣ ва помидор аз ҷумла аз намуди мевагиҳо хурмо, анор, чормағз ва дигар намуди  онҳоро шинонидаанд, ки парвариши он завқи бинандаро меорад.

Муовини раиси Кумитаи иҷроияи ноҳия Ғуломов Саидасрор ҳангоми суҳбат таъкид намуд, ки бо мақсади таъмини амнияти озуқаворӣ аз ҳар як ваҷаб замин оқилонаву самаранок истифода бурда кишоварзон дар як сол бояд ду-се ҳосил руёнанд.