МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ-ИНТИХОБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБӢ "ДЕҲАИ ХУРОСОН"

Хуросон: Ҳисобот  

Санаи 22-уми июни соли равон тибқи ҷадвали тасдиқгардида, дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии деҳаи Хуросон маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ аз рӯи чор масъала баргузор гардид.

Дар кори маҷлис Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон Турсунзода Дустмурод иштирок намуд.

Вобаста ба масъалаи якуми рӯзномаи маҷлис ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ Хуросон Гулов Шамсулло шунида шуд.

Номбурда зимни ҳисобот иброз намуданд, ки аъзоёни ташкилоти ибтидоии мазкур ҳамчун узви ҲХДТ дар амалӣ гардонидани ҳадафҳои Барномавӣ, ва Оиномавӣ, инчунин татбиқи ташаббусҳои ҳизбӣ таҳти унвони "Якҷоя месозем", Соати сиёсӣ" ва "Мактаби ман" саҳми амиқ гузошта истодаанд.

Давоми як соли фаъолияти ташкилоти ибтидоии мазкур дар доираи нақшаи корӣ амал намуда, аъзоёни он дар чорабиниҳои ҳизбӣ фаъолона ширкат меварзанд.

Аз рӯи масъалаи дуюм номзадии Гулов Шамсулло бори дигар ба раиси ташкилоти ибтидоии мазкур ба овоз монда шуд ва аз ҷониби аъзоёни ташкилот бо роҳи овоздиҳӣ якдилона аз нав раис интихоб гардид.

Ҳамзамон вобаста ба рузномаи дигар номзадҳо ба конфиренсия пешниҳодгардида қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.