ҲАШАРҲОИ ДАСТАЪҶАМОНА ДАР ҚУШЛИЧ.

Хуросон: Созандагони ватан  

Дар санаи 18.04.2024 бо ташабуси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ҷавонон пайравони пешвои миллат” дар Қушлич ҳашарҳои дастаъҷамона гузаронида шуд. Кормандони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ барои тоза ва поккори намудани Қушлич сафарбар гардиданд, ки партовҳоро аз Қушлич бароварданд. Новобаста аз ташкил намудани Аксияҳои соҳил вале мутаасифона аз ҷониби аҳоли нисбати ин масъала беэътиноӣ боз ҳам зоҳир мегардад.

Аз ин лиҳоз КИ ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон аз ҳар як шаҳрванди ноҳия Хуросон алалхусус аҳолии назди мтму№2 ва соҳибкорони бозори марказӣ эҳтиромона хоҳиш менамояд ва даъват мекунад, ки ба чунин амалҳо хотима бахшанд зеро мову Шумо бояд тозагиро риоя намоем ва дар фикри саломатии худ, фарзандон ва ҷомеа бошем, танҳо мову Шумо дар якҷояги метавонем дар ин кор дасти якдигарро бигирем. Ва аз партофтани партов дар деҳаи Қушлич худдори намоем.