ИДОМАИ КОРҲОИ ФАҲМОНИДАДИҲӢ БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”Хуросон:

Хуросон:  

Тибқи дастуру супоришҳои Раиси ноҳияи Хуросон муҳтарам Суризода Носир, гуруҳи корӣ дар ҳайатӣ: муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон – Ғуломов Саидасрор Ҷурабекович ва намояндаи ҷ/д Фахробод корҳои фаҳмондадиҳиро тибқи усули " Хона ба хона" дар деҳаи Фахрободи ҷ/д Фахробод ноҳияи Хуросон оиди пешгирии ҷавонон аз омилҳои экстремистию террористӣ, таҳсилотҳои ғайрирасмии динӣ, пешгири аз пушидани сару либоси ба фарҳанги миллии мо бегона, ҷинояткорӣ, худкӯшию худсӯзӣ, омода намудани ҷавонон ба ҳаёти мустақилона, пешгирии пошхӯрии оилаҳо, назорати савияи дониши фарзандон, самаранок истифода бурдани ҳар як ваҷаб қитъаҳои заминҳои наздиҳавлигӣ ва сафарбар намудани ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монданд.