ВОХӮРИИ НАВБАТИИ ГУРӮҲИ КОРӢ БО УСУЛИ "ХОНА БА ХОНА".

Хуросон: Ҳисобот  

 

Дар асоси нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон, бо иштироки гуруҳи кории усули “Хона ба хона” дар байни сокинони дар Ҷамоати шаҳраки Обикиик дар кӯчаҳои Тошмухамедов А., Низомӣ ва Ҷамоати деҳоти Қизилқалъа дар деҳаҳои Меҳнатобод ва Хумдон вохӯриҳо баргузор гардид.

Доир ба мавзуҳои муҳими рӯз аз қабили корҳои ободонию созандагӣ, кишту кори баҳорӣ, пешгирии ҷудошавии оилаҳо, пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ, тарбияи дурусти фарзанд, риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон " Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо" корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.

Инчунин корҳои фаҳмондадиҳӣ дар дигар деҳаю маҳаллаҳо давом дорад.

Аксҳо аз рафти вохӯрӣ: