ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТЕРРОРИЗМ!!!..

Хуросон: Вокуниш  

Ҷумҳурии мо дар заминаи бадастоварии Истиқлоли давлатӣ ва барқарорсозии Ваҳдати миллӣ мушкилиҳои зиёд ва манфури сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангиро пушти сар намуд, ки хисороти зиёди пулию молиро ба бор оварданд. З-ин рӯ кишвари мо барои таҳкими пояҳои Истиқлолияти давлатӣ, пойдории Ваҳдати миллӣ ва таъмини суботи комил барои пешгирӣ аз байн бурдан ва несту нобуд кардани омилҳои манфии сиёсии ҷомеаи имрӯза, махсусан терроризму экстремизм татбирҳои заруриро пайваста амали карда истодаааст.

Терроризм чун вабои асри XXI имрӯз аҳли сайёраро ба ташвиш андохта, хусусияти ҷаҳонӣ касб намудааст ва барои ҷомеаи башарӣ таҳдидҳои нав ва сангинро эҷод менамояд. Мақсади ташкили нооромиҳо ин иваз кардани сарвари давлат ва ё дигар кардани сохти конститутсионии кишвар, истифодаи сарватҳои табиӣ ва зеризаминӣ ба фоидаи хеш мебошад. Ин аст, ки дар қатори дигар проблемаҳо терроризм ва экстремизм ба проблемаи ҷаҳонӣ табдил ёфт.

Мафҳуми терроризм калимаи лотинӣ буда, «тарс», «таҳлука», «воҳима»-ро ифода мекунад, ташкилот, гурӯҳҳо ва ё шахсони алоҳида онро барои амалӣ кардани ҳадафҳояшон ба кор мебаранд.

Дар ҷомеаи кунунӣ бархе аз ҷавонону наврасон бинобар надоштани маълумоти пурра аз таъсири оқибатҳои ноустувори шабакаҳои иҷтимоӣ побанди раванди зуҳуроти гуногуни номатлуби ҷомеа мегарданд.

Аз ин рӯ, насли калонсол – падару модарон, омӯзгорон, ходимони дин, кормандони ҳифзи ҳуқуқ, васоити ахбори омма ва дигар табақаҳои аҳолии мамлакатро зарур аст, ки бо ҷавонон ва наврасон ҳамаҷониба ҳамкорӣ намуда ба онҳо роҳи дурусти ба камолрасӣ ва муваффақ шуданро дар соҳаҳои мухталифи зиндагӣ нишон диҳанд. Ба онҳо собит намоянд, ки маҳз ҷавононе, ки аз таҳсил дур мондаанд ва касби муайян надоранд аз ҳама бештар бо роҳи осон ба доми афроди тундрави беватан ва ифротгаро гирифтор мешаванд.

Равшанов Шодалӣ - мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон