НАВРӮЗ-ҶАШНИ МИЛЛӢ

Хуросон: Андеша  

Боиси ифтихор аст, ки кӯшишҳои пай дар пайи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самара доданд ва аз 30 сентябри соли 2009 инҷониб Наврӯз мавқеи байналмилалӣ гирифт ва ба рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии башарият (ЮНЕСКО) дохил карда шуд. Яке аз сабабҳои зуд истиқбол шудани ҷашни Наврӯз ҳамчун ҷашни ҷаҳонӣ аз ҷониби мутахассисон ва комиссияҳои ЮНЕСКО-ю Созмони Милали Муттаҳид дар он аст, ки ин ҷашн воқеан ҳам ҷашни фарҳангӣ ва сулҳофар аст ва ба дину оине рабт надорад, зеро дар айёми Наврӯз ҳама бо ҳамдигар, новобаста аз миллат, забон, дин, нажод ва маҳал хурсандӣ карда, гирди дастурхони наврӯзӣ мешинанд. Манбаъҳо шаҳодат медиҳанд, ки дар ҳамон давраҳо Наврӯзро 13 рӯз ҷашн мегирифтанд ва онро ба 2 ҳисса- Наврӯзи омма (Наврӯзи кӯчак ё Наврӯзи сағир) ва Наврӯзи хоса (Наврӯзи бузург, ки рӯзи шашуми Фарвардинмоҳ оғоз меёфт), тақсим мекарданд.

Наврӯз, биё, ки баргзор пазмонат,

Он кисари саҳро зи саҳар пазмонат.

Аз он ки замини мо бигардад зархе,

Он ки бикашад зи хок зар пазмонат.

Зеро Наврӯз ҷашни табиат ва эҷодкардаи кулли халқҳои олам аст. Ҳар халқи бузург ба он чизе афзуд ва ба урфу одатҳои худ наздик намуд. Наврӯз аз ин бойтар ва зеботар гардид. Албатта, онҳо ба устураву ривоятҳо такя кардаанд ё онҳоро асос гирифтаанд. Аммо ҷашни Наврӯз қадимтар аз инҳост. . Мавҷудоти олам ҳаёти нав меёбанд ва соли ҳақиқӣ даврае аз адвори хешро ба поён расонида, вориди марҳилаи тозае мегардад. Наврӯз яке аз бузургтарин ойинҳо ва ҷашнҳои қадимаи мардуми ориётабор мебошад. Наврӯз ҷашни эҳёи мавҷудоти гетӣ буда, танҳо покию сафо ва хуррамию фаровонӣ меоварад. Наврӯз ҷашнест созандаву сулҳовар, муттаҳидкунандаи инсонҳо ва таблиғкунандаи дӯстию рафоқат, баробарӣ, адолату додгустарӣ ва ахлоқи ҳамидаи инсон. Ин ҷиҳати масъаларо ба эътибор гирифта, СММ 23-юми феврали соли 2010 дар Иҷлосияи 64 - уми Асамблеяи генералӣ қароре ба тасвиб расонд, ки тибқи он 21 - уми мартро Рӯзи байналмилалии Наврӯз эълон намуд.

Равшанов Шодалӣ мудири бахши кор бо ҷавонон ва занони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон.