Терроризм ва ифротгароӣ ҳамчун падидаи хатарнок !.

Хуросон: Вокуниш  

Солҳост, ки ба гӯши мо вожаҳои даҳшатборе чун терроризму ифротгароӣ ворид шуда ва мо имрӯз дарк менамоем, ки паси ин мафҳумҳо чӣ розҳои махуфе ниҳон аст. Ба амали террористӣ қабл аз қабл омода шудан ғайриимкон аст, аз ин рӯ ҳар фарди худогоҳро зарур аст, ки дар ин масъала ҳамеша эҳтиёткор бошад. Терроризм худ аз калимаи «terror» бархоста, ҳамчун мафҳуми “даҳшат” тарҷума шудааст, ки мафҳумҳои тарсондан бо ҳукми қатл, куштор ва ҳама даҳшатҳои ифротгароиро ифода менамояд. Ифротгароӣ як шакли мураккаб ва гуногунрангии ифодаи кинаю адоват маҳсуб ёфта, аз нигоҳи коршиносон намудҳои зерини ифротгароӣ вуҷуд доранд: сиёсӣ; миллӣ ва динӣ. Коршиносони масоили иҷтимоӣ сабабҳои ифротгароиро низ ба гунаи зерин шарҳ додаанд, ки иборат аз инҳоянд: -табақабандии калони моликияти аҳолӣ боиси он мегардад, ки ҷамъият ҳамчун организми мукаммал, ки мақсаду ҳадафҳои умумӣ, ақидаҳо, арзишҳои инсониро ифода мекунад, фаъолияташро қатъ менамояд. -афзудани шиддати сотсиалӣ. -коҳиш додани ҷузъи идеологӣ дар раванди таълим, ки боиси гум шудани арзишҳои ахлоқӣ гардид. -надоштани маънавиёт, тасаввуроти равшан дар бораи таърих ва дурнамои рушди кишвар, гум кардани ҳисси соҳибмулк ва масъулият барои сарнавишти Ватан. Базаи иҷтимоии гурӯҳҳои экстремистиро одамоне ташкил медиҳанд, ки ба шароити нави зиндагӣ мутобиқ шуда натавонистаанд. Аксари гурӯҳҳои ифротии ҷавонон ғайрирасмӣ, кӯр-кӯрона ва бешуурона амал намуда, аъзоёни онҳо дар бораи заминаи идеологии ҳаракатҳои ифротгароӣ тасаввуроти норавшан доранд. Таъсиррасонии омилҳои беруна ва дигар сабабҳо, ки боиси пайвастан ба гурӯҳҳои ифротгароӣ мешаванд ва аъзоёни ин гурӯҳҳо ба ҳар амале, ки анҷом медиҳанд беҷазо мемонанд, имкон медиҳад, ки ҷавонони гумроҳ ба ашхоси ифротталаб якҷо шуда, ҳамчун манбаи хатар дар ҷомеа арзи ҳастӣ намоянд ва дар натиҷа қишрҳои ҷавони ҷомеаро ба гурӯҳҳои худ ҷалб менамоянд. Дар шароити имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи меъёрии муқовимат ба терроризм ва ифротгароӣ фароҳам оварда шуда, амал мекунад, ки барои муборизаи муассир бо терроризм ва ифротгароӣ дар кишвари мо имконият фароҳам меорад. Асосҳои ҳуқуқии мубориза бар зидди ифротгароӣ ва терроризм инҳо мебошанд: Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, Қонунҳои амалкунанда: «Дар бораи мубориза бар зидди фаъолияти экстремистӣ», «Дар бораи Муқовимат бо терроризм», «Дар бораи Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи вазъияти фавқулодда», «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ», «Дар бораи иттиҳодияҳои динӣ-ҷамъиятӣ», Консепсияи «Мубориза бо терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон». Бояд дар хотир дошт, ки ҳама гуна фаъолиятҳои террористӣ хусусияти ҷиноятӣ дошта, аз ин рӯ, шахси ҷиноятсодиркарда ҳатман вобаста ба амали содиркардааш ҷазои сазовор мебинад. Фаъолияти террористию ифротгароӣ дар ниҳояти кор мафҳуме надоранд, аз ин ҷост, ки давлат нисбат ба идеологияи терроризм ва ифротгароӣ вокунишҳои шадид нишон дода, барои аз байн бурдани ин падидаи хатарнок мудом дар мубориза аст.

Равшанов Шодалӣ мудири бахши кор бо ҷавонон ва занони КИ ҲХДТ  дар ноҳияи Хуросон