Зан - модар - худ гул - зеби гул аст!

Хуросон: Ҳисобот  

Имрӯз бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон дар кӯчаҳои маркази ноҳияи Хуросон, шаҳраки Обикиик аксияи ҳизбии "Тақдими гулҳо" роҳандозӣ гардонида шуд.

Дар аксияи мазкур масъулини Кумитаи иҷроияи ноҳия ва волонтёрони ҳизбӣ ба занон - модарон гулҳо тақдим карда онҳоро ба рӯзи Модарон - 8 март табрику таҳният намуданд ва табъи модарону занонро каме бошад хам болида гардониданд.