Ҳифзи Ватан - муқаддас аст!

Хуросон: Ҳисобот  

Имрӯз бо иштироки раиси тозаинтихоби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон - Бозоров Рустам дар қисми ҳарбии 06870 б воқеъ дар ҷамоати деҳоти Фахрободи ноҳия чорабинӣ бо афсарону ҷавонон бахшида ба 31 – солагии таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.

Бозоров Рустам зимни баромад ҳамаи иштирокдорони чорабиниро ба ин санаи фархунда таҳният гуфтанд. Сипас, таъкид намуданд, ки ҳар яки мо вазифадор ҳастем,ки баҳри пойдории сулҳу суботи кишвар камари ҳимат банадем ва дар баланд бардоштани муҳаббати ватандории насли наврас мусоидат намоем. Зеро, сулҳу суботи кишвар ба осонӣ ба даст наомадааст ва идомадиҳандагони ояндаи давлату миллат наврасону ҷавонон мебошанд.

Мақсад аз баргузории чорабинӣ ин баланд бардоштани сифатҳои ахлоқӣ, такмил додани корҳои ватандӯстӣ, дифои Ватан, тарбия намудан, ташаббускорӣ ва худфаъолиятӣ, шуурнокӣ, ҷасорат, зиракӣ ва омода намудани хизматчиёни ҳарбӣ ба ҳаргуна ҳолатҳои мураккаби сиёсӣ мебошад.