Тарғибу ташвиқ - асоси фаъолияти ҳизбӣ!

Хуросон:  

Тарғибу ташвиқ – асоси фаъолияти ҳизбӣ!

Хуросон.Имрӯз бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон - Ғуломов Саидасрор Ҷурабекович дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии " деҳаи Деҳқонобод" - и ҷамоати деҳоти С.Айнӣ ноҳия бо аъзоёни ҳизб ва фаъолони деҳа хониши сиёсӣ баргузор гардид ва дар он вазъи имрӯзаи мураккаби сиёсии ҷаҳон ва минтақа ба иштироккунандагон баён гардида сиёсати имрӯзаи хирадмандонаи Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва таблиғу ташвиқи ғояҳои асосии давлатдории Тоҷикистони навинро аз ҳозирин талаб карда шуд ва аз тарафи аъзоёни ҳизб ва фаъолони деҳа бечунучаро дастгирии сиёсати имрӯза ва дар заминаи он роҳ надодан ба ҳама намуди қонуншиканӣ, пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои тундраву ифротӣ ва дигар амалҳои номатлуб дар байни мардуми деҳа изҳори назар карда шуд.

Дар анҷоми маҷлис ба аъзоёни тозақабулшуда ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.