БАРГУЗОРИИ СОАТИ СИЁСӢ

А.Ҷомӣ:  
     Таълиму тарбияи насли наврас ҳамеша дар мадди аввал истода, тамоми қишри ҷомеаро водор месозад, ки бо назардоштӣ вазъи имрӯзаи ҷаҳон дар ин самт ҳушёру зирак бошем. Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар асосӣ Нақша-чорабиниҳои муштарики шуъбаи маорифи ноҳия мунтазам дар муассисаҳои таълимии ноҳия соатҳои сиёсиро баргузор намуда, бо волидайн ва хонандагони синфҳои болоӣ оиди вазъи ҷаҳон ва минтақа суҳбат мегузаронанд.
Бо ҳамин мақсад раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Қосимӣ Назокат дар МТМУ № 62-и ноҳия бо падару модарон мулоқот баргузор намуда, оиди дар амал пурра татбиқ намудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикстон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” , Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо” ва пешгирии ҳамагуна ҳолатҳои номатлуб дар байни ҷавонон суҳбат ороста, аз ҳозирин даъват ба амал овард, ки дар самти таълиму тарбияи фарзандон диққати ҷиддӣ диҳанд.
Инчунин Қосимӣ Назокат дар рафти суҳбат аз волидайн бобати саҳм гузоштан дар раванди таълиму тарбия, ободонии муассиса ва умуман бе назорат намондани фарзандон, ҷалби онҳо ба дарсҳои иловагӣ ва маҳфилҳои ҳунарӣ даъват намуд.
Бояд қайд намуд, ки роҳбарияти муаасисаи мазкур дар ҳамкорӣ бо волидайн як қатор корҳои ободонӣ аз ҷумла таъмири синфхонаҳо, мизу курсиҳо ва курсиҳои худи толори маҷлисгоҳҳро ба роҳ мондаанд.
Дар охир Қосимӣ Назокат аз номи роҳбарияти ноҳия барои саҳми фаъолонаи волидайн дар самти корҳои ободонии муассиса ба ҳозирин ва роҳбарияти муассисаи мазкур изҳори сипосгузорӣ намуда, даъват намуд, ки дар якҷоягӣ баҳри сазовор пешвоз гирифтани 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон доимо корҳои ободонӣ ва созандагиро дар ноҳия ба роҳ гузорем.