НАСИҲАТ БА АХМАҚ БЕФОИДА АСТ!

А.Ҷомӣ: Вокуниш  

   Дар   воқеъ  Саъдии бузург  дуруст   қайд намудааст, ки:

                          “Говону харони  борбардор, 

                            Беҳ з-одамиёни мардумозор”. 

     Сад  афсус, ки то  чанд  мо  ба  борбардории  говону  харон  эҳтиёҷ гум  мекунем,  ҳамон қадар мардумозорӣ, бадгуфторӣ,  бадкирдорӣ  ва шахсоне,  ки манфиаташон ба  давлату  миллат  ба  сифр  баробар  бошад,  ҳам мутаассифона  амалҳо  ва  кирдорҳои  зарароварашон ба  амнияту  оромии  фарзандони мо таҳдиди  ҷиддиро  ба  бор  меоранд,  зиёд  мешавад. Омили пеш  аз ҳама зиёд  гардидани  ҷавононе, ки  ба  ҳайати  гурӯҳҳои  ифротию террористӣ  шомил  мешаванд,  маҳз корбарии душманону  хоинони  миллатамон  мебошад,  ки  тариқи шабакаҳои  иҷтимоӣ пайваста ҷавонони  ноогоҳи  моро  ба  доми  худ  кашида,   медонанд,  ки имрӯз  вазъияти  ҷаҳон  дар  кадом  сатҳ  аст,  медонанд,  ки  ҷавонони  мо  на аз  хурсандӣ  ба  муҳоҷират  рафтаанд онҳоро  ба  доми  худ  мекашанд. Агар бинанда  барномаҳои дилтангкунандаи  ин  хоинони  миллатро  тамошо  кунад, мефаҳмад,  ки Муҳаммадиқбол як бемори  равоние мебошад,  ки дар  ким  кадом  давлат пинҳон  гардидаву ҳатто ҳасуду хашму хусуматашро  дошта натавониста, яке ба таҳқири Пешвои  миллат,  яке ба таҳқири модар,  ки муқаддастарин инсон барои  ҳар яке  мо  мебошад ва  нафаре,  ки  модари  худро  дӯст медорад наметавонад ба  ин  сину  сол  ба  ин  ақлу  идроку  фаҳмиш модари дигареро  дашном дода бошад.  Чӣ қадар пастфитратӣ , чӣ қадар пасттинатӣ дар  вуҷуди  як  инсон,  ки бовари  кас намеояд, ки ӯро модар  зодааст.  Шояд аз  мактаби кадом зани пасттарин ва ифлостарине, ки мо сабукпо номашон мебарем,  сабақ  омухтааст, ки  ба  ҷуз таҳқир, ба ҷуз  туҳмат ба  ҷуз  иғвою  дасиса дигар кореро ба  анҷом намерасонад.

   Одам  бояд  ақли солими  худро кор  фармояд.  Дастгирӣ намудани  чунин  шахсиятҳо,  ки  худ  доғи  ҷомеа  ва  авлоду  аҷдодашон  гардидаанд, худрову  пайвандонашонро  сарсону  саргардон  намудаанд, аблаҳие беш  нест. Ин  хоинон  тариқи  шабакаҳо аз  ҷавонон, хусусан  аз  муҳоҷирон  маблағ талаб  намуда, аз  ҳисоби  маблағҳои ба роҳи гадоӣ ба даст оварданаашон худ кайфо сафо намуда, дигаронро ба доми бало  мекашанд.

     Маҳз  таъсири  корбарии чунин  афродон,  ки  ҷавонони  зиёди  моро пайваста  бар  зиддӣ  давлату  ҳукумат  мешуронанд ва  гӯё,  ки  танҳо  мушкилиҳои норасоии ҷойҳои корӣ  ва  муҳоҷират  дар  Тоҷикистон  мавҷуд  бошад, боис  мегардад,  ки  ҷавонони мо  осон  ба  доми  гурӯҳҳои террористиву экстримистӣ шомил  гарданд.

    Воқеаҳое,  ки имрӯзҳо  ҷавонони  мо  даст ба  амалҳои  номатлуб  мезананд,  аз  ҷумла анҷом  додани амалӣ  террористӣ дар  давлатҳои  Эрону Афғонистон ва  Рассия  моро  водор  месозад,  ки  дар ҳар  қадам  ҳушёр  бошем. Зеро  аз  миллате,  ки  ҳаргиз  фарзандонаш чунин  амалҳои  нангинро  содир  нанамудаву,  қаҳрамонҳои  зиёдеро  ба  дуё  овардааст,  имрӯз тамоми  тоҷикони  рӯй  дунёро  сархаму маъюс намуданд. Бовар  накарданист,  ки бале  мо  якчанд  хоин  доштем,  ки  аз  дуррӣ  танҳо  бо  зури  забон худро  қаҳрамон нишон  медиҳанд,  аммо дар  дохил  аз оилаҳои  оддӣ ва оммӣ фарзандоне  баромаданд,  ки  барои як  маблағи  ночиз  ва  дастгирии  ақидаи  носолими ҳуруфотзадагон даст  ба  амалҳои  нангин  заданд. Яъне дар ҳар қадам  бояд  аз  одамоне,  ки заррае  ба  миллату  давлат ва  ба  оилаву маҳалли  худ кори  некеро  анҷом  надодаанд,  аммо  имрӯз метавонанд  бо  роҳнамоии  ин  хоинон  даст  ба  кирдорҳои  нангин  зананд,  эҳтиёт  намоем.

     Медонам  насиҳат  ба  ин  афродони  ҷиноятпеша,  ки  аз  баҳри  ҳамма  муқадасот гузаштаанд,  бефоида  аст, аммо мехоҳам  қайд  намоям, ки мегуянд; “ Давидани  гусола  то  каҳдон”  бо  як  даст  ҳаргиз  қарсак зада  намешавад. Ҳарчанд корбарӣ  намоед,  туҳмату  таҳқир  намоед,  дар ҳар маҳал  камбудӣ ҷуед, фарзандони  соддаи  тоҷикро аз  роҳ  бе  роҳ созед,  донед,  ки  шумо ҳаргиз  муввафақ  нахоҳед шуд. Тоҷикистон, Тоҷикистони соли 1991 - 1992  ва як  давлати  ҷангзадаи бе  дару  дарвоза ва ё бозичаи дасти дигар  давлатҳо  нест! Тоҷикистон имрӯз як  давлати  мустақил  соҳибистиқлол ва дар  домонаш  фарзандони  зиёди ватандӯсту  ватанпарварро тарбия  намудааст,  ки  барои  меҳанаш барои  оромии  хонадонаш ҷони  худро  дареғ намедорад. Шумо  хоинон, ки  аз  дини  ислом  барои  манфиатҳои  худу  амалӣ  намудани  мақсадҳои  нопокатон истифода  мебаред, ҳаргиз муввафақ нахоҳед  шуд.

      Ҳарчанд аз  номи ислом ҳарф занед,  ҳарчанд бо  номи ислом  кирдорҳои  ваҳшиёнаи худро, ғайбату  туҳмат  ва  таҳқиру сафсатахониҳои  худро  пардапӯш  созед, аммо  он  нафаре,  ки  дар  ҳақиқат ақли  солим  дорад,  мефаҳмад,  ки манфиати шахсии  шумо  аз  ислому ватану меҳану падару  модаратон  болотар  меистад!

 

          ШАЙДОИ   ВАТАН