ВАРЗИШ ҚОСИДИ СУЛҲУ ДӮСТӢ!

А.Ҷомӣ:  

    Дар асоси Нақша – чорабиниҳои муштараки Кумитаи иҷроияи Ҳизби  Халқии Демократии Тоҷикистон дар  ноҳияи  Абдураҳмони Ҷомӣ,  Бахши  кор  бо ҷавонон ва варзиши ноҳия  ва ТҶҶ «Созандагони Ватан» бахшида ба 30-солагии  таъсисёбии ҲХДТ ва 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Ҷамоати шаҳраку деҳоти ноҳия мусобиқаи волейбол бо мақсади дарёфти “Ҷоми  ҲХДТ” доир гардид. Дар кушодашавии мусобиқаи мазкур муовини КИ ҲХДТ, мудири бахши   кор бо ҷавонон, директори  мактаби варзишии ноҳия ва роҳбари ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳияи ширкат варзиданд. Чорабинии варзишӣ дар сатҳи  зарурӣ гузаронида  шуда,  ба  дастаҳои  ғолиб  аз  ҷониби Кумитаи  иҷроияи ҲХДТ ва бахши  кор  бо  ҷавонон Сипоснома  ва  туҳфаҳои хотиравӣ тақдим  карда  шуд.