ШАБАКАҲОРО БА МАНФИАТ ИСТИФОДА БАРЕД!

А.Ҷомӣ: Вокуниш  

  Пас аз  пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ Тоҷикистон дар интиҳои асри XХ бо кӯшишҳои баъзе қувваҳои носолим, ҳизбҳо гурӯҳҳои сиёсиву иртиҷоӣ ба вартаи ҷанги дохилии шаҳрвандӣ рӯ ба рӯ гардид ва ин  ҷанг боиси хисороти зиёди ҳам моддию ҳам маънавӣ  шуд.  Хоки Тоҷикистон он замон бо хуни садҳо занону кӯдакон олуда  гардида, садҳо тани дигар бехонаву дар монданд ва тарки хоки муқаддаси  худ  карданд. Имрӯз ҳам манфиатдороне,  ки  дубора  мехоҳанд Тоҷикистонро  ноором  ва  мисли  ҷанги шаҳрвандӣ  дубора  ба  коми  оташу озори мардум  кашанд.  Бо  истифодаи  фаъолона  аз  шабакаҳои  иҷтимоӣ пайваста  фаъолият  мебаранд.

    Фаромӯш набояд кард,  ки  дар таблиғу ташвиқи ақидаҳои ифротӣ ташкилотҳои  махсусе фаъоланд,  ки  аз хориҷа ба  хотири  манфиатҳои  худ  мардумро роҳнамоӣ  намуда,  ба  ташкили  ҳар гуна  амалиётҳо ва ҷалби  шахсони  ноогоҳ ба ҳайати худ  фаъолият мебаранд.  Онҳо ин андешаҳои нопокро бештар миёни ҷавонони тиҳимағзу беҳувият, ки ба қавле дустро аз душман фарқ намекунанд, мехоҳанд иштирок намоянд ва эшонро ба доми хеш афкананд. Дар ҳоли ҳозир гурӯҳҳои террористӣ ба ном  «Давлати  Исломӣ»  (ДИИШ), «Толибон»,  «Боко-ҳарам», «Ал-Қоида», «Ҳизб-ут-таҳрир» ва Наҳзат  дар амал мебошанд, ки бо ғаразҳои нопокашон ҷаҳонро ба чолиши ҷиддӣ кашидан мехоҳанд.

      Омили аслии пайдоиши терроризм ва ифротгароӣ чист ва чаро ҷавонон гумроҳ шуда, ба ин роҳи пур аз фиребу найранг ва қатли одамони бегуноҳ  даст мезананд?  Посухи муносиб ба ин савол яқин сатҳи пасти шароити зиндагӣ, камсаводию, ноогоҳии динӣ, дур аз донишу  маьрифат аз ақли комил ва нисбатан паст будани ҳисси миллии ватандорӣ дар вуҷуди ҳар як ҷавонмард  ва билохира,беҳувиятию маьрифати пасти ҳуқуқӣ мебошад.  Сабаби омилҳои ба вуқуъ омадани ин зуҳуроти номатлуб, яъне терроризму ифротгароӣ хеле зиёд ва гуногунанд. Аз нигоҳи аввал чунин ба назар мерасад, ки дар таълиму тарбияи фарзанд баъзе аз падару модарон масъулиятро пурра эҳсос намекунанд. Аз тарафи дигар истифодаи нодурусти вақт ва ба одатҳои бад шуғл варзидани наврасон мушоҳида мешавад. Инчунин  мо  огаҳ  ҳастем,  ки истифодаи  нодурусти  технологияи  ҳозиразамон  аз  ҷумла шабакаҳои  иҷтимоӣ  боиси  пайвастани  ҷавонону  занони  ноогоҳ  ба  чунин  гуруҳҳо  мегардад. Бо  ҳамин  мақсад  аз  тамоми  фаъолони  шабакаҳои  иҷтимоӣ  бахусус  ҷавонон  хоҳиш  карда  мешавад,  ки дар  истифодаи  шабакаҳои  иҷтимоӣ  ҳама вақт  хушёр  бошанд.  Имрӯз ҷавонони  зиёди  мо  пушти  панҷара аз  нофаҳмоиҳо ва  пайвастан  ба  чунин  гуруҳҳо гардида, ҳаёти  худро  сарфи беандешагии  худ  ва  ақидаҳои носолими  душманони  миллат  намудаанд. Мо  бояд  ба  хондану  илмомухтан  машғул  гардида, аз  шахсони  шубҳанок ва  аз  нафароне,  ки бо  кирдору  гуфторашон носолим  менамоянд, дурӣ ҷуем. Ҷавонони бо  нангу номус  ҳамеша  бояд  посдори сулҳу дӯстӣ, таблиғгари ободиву  осудагӣ  ва  доимо  ҳимоятгари  манфиатҳои  кишвари  азизи  худ бошанд.  

 

Мусоев Давлаталӣ – Мудири шуъбаи Ҷавонони  КИ ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ.