ҶАВОНОН БОЯД МУҲОФИЗИ ВАТАН БОШАНД !

А.Ҷомӣ: Вокуниш  
«Ҷавонон бояд сабақҳои истиқлолиятро ҳамаҷониба омӯзанд, аз равандҳои сиёсати имрӯзаи кишвар огаҳ бошанд, таърихи гузаштаву ҳозираи халқи худро гаштаю баргашта аз худ карда, аз Ватан, миллат, забон ва фарҳанги худ ифтихор намоянд». Эмомалӣ Раҳмон.
Маҳз ҷавонони эҷодкор, бонангу номус, ватандӯсту ватанпарвар, ки воқеан ҳам тафаккури созанда ва ҳисси меҳанпарастии зиёд доранд, метавонанд тақдири худ ва ояндаи давлату миллати худро аз ҳар гуна равандҳо ва хатархои ҷаҳони мусир ҳифз ва нигоҳ доранд. Муввофиқ ба талабот ва бо назардошти ҳодисаву воқеаҳои ҷаҳони имрӯза вобаста ба таълиму тарбия ва ба воя расондани насли ҷомеаи имрӯза масъулиятнокии аҳли ҷомеа бояд даҳчанд зиёд гардад, зеро таълим ва тарбия насли имрўз дар заминаи тарзи таълиму тарбияи замони гузаштаи дур сурат гирифта, рафти соатҳои сиёсӣ, мавзўҳои соатҳои сиёсӣ вобаста ба хатарҳо ва таҳдидҳои замони ҳозира умуман кам мебошанд. Албата тарбияи насли наврас аз домани модар ибтидо гирифта, то ба мустақилият қадам гузоштанаш фарзанд ба тарбия ва насиҳату маслиҳати волидайн ниёз дорад. Мутаъсифона бархе аз падарону модарони мо имрўз бо маќсади ҳимоя аз фарзандони худ онҳоро тавре роҳнамоӣ ва тарбия менамоянд, ки фарзандон дар баробари оне, ки аз хизмати модар-Ватан саркашӣ менамоянд, ҳамзамон осонакак ба доми гурӯҳҳои террористиву экстримистӣ мезананд. Зеро, мақсади бархе аз ҷавононе, ки шомили чунин гурӯҳҳо мешаванд, ин бо мақсади дарёфти маблағи ночиз тарки хондану илмомӯзӣ ва адои қарзи фарзандии худ намуда ба муҳоҷират мераванд. Тибқи маълумотҳо ҳамаи ҷавононе, ки шомили чунин гуҳҳо гардидаанд, маҳз аз муҳоҷират сафарбар шудаанд. Албатта ифротгаро ва террорист дин, мазҳаб ва миллат надорад, лек дар як лаҳза метавон фарзандони мо, ки шомили ин гуруҳхо шаванд, беватан бе дин ва бе мазҳаб мегарданд. Мубориза бо экстремизм, терроризмро бояд пеш аз ҳама волидайн пурзур намоянд. Зеро ин мусибат натанҳо доғи давлат мешавад, балки модаре бефарзанд ва як умр бори бадномӣ, ки фарзандро ҳамчун хоин аз даст доданд, азобашон хоҳад дод.
Падару модарон, ки сутуни оиларо ташкил медиҳанд ва рисолати бузурги ояндасозии фарзандони худро бар дӯш доранд, бояд пеш аз ҳама ба таълим ва тарбияи фарзандон диққати ҷиддӣ зоҳир намоянд.
Роҳнамоӣ, таълиму тарбия ва пешгирии ҷавонону наврасон ба содир намудани ҷинояту қонуншиканӣ ва шомилшавӣ ба ҳайати гурӯҳҳои ифротӣ қарзи шаҳрвандии ҳар фарди ҷомеа маҳсуб ёфта, дар руҳияи ватандӯстӣ, механпарастӣ, ҳифз ва гиромӣ доштани ҳар ваҷаб хоки муқаддаси Ватан вазифаи ҷонии ҳар як падару модар ва фарди солимфикри ҷомеа мебошад. ҳаргиз фаромуш насозем, ки ин Ватан ба ғамхорӣ ва ҳимояи фарзандони баномусаш ниёз дорад.
Қосимӣ НАЗОКАТ- Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ