МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ–ИНТИХОБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “ПАХТАКОР” БАРГУЗОР ГАРДИД.

Ҷайҳун:  

 

Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи  Кумитаи иҷроия ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун санаи 23-уми июли соли 2024 дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Пахтакор”-и ноҳияи Ҷайҳун маҷлиси ҳисоботи-интихоботӣ, баргузор  гардид. Дар корӣ маҷлиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии мазкур раиси Кумитаи иҷроия ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун, Ҳасанзода Тағоймурод иштирок намуданд. Сараввал маҷлисро раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ Ғафоров Ҷурабек  кушода, ҳозиринро бо рӯзномаи маҷлис шинос намуд.

Дар маҷлиси мазкур масъалаҳои зерин дида шуд:

1.Ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии “Пахтакор” дар давраи ҳисоботӣ;

2.Дар бораи аъзои Раёсати ташкилоти ибтидоии “Пахтакор” дар ноҳия;

3.Дар бораи интихоби раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Пахтакор” дар ноҳия;

4.Дар бораи интихоби муовини раиси ташкилоти ибтидоии “Пахтакор” дар ноҳия;

5. Дар бораи интихоби вакилон ба конференсияи ҳисоботӣ-интихоботии Кумитаи иҷрорияи ҲХДТ дар ноҳия; ва дигар масъалаҳои ҷорӣ, барасӣ гардида қарорҳои дахлдор қабул гардид.

Ҳамзамон раиси Кумитаи иҷроия ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун, Ҳасанзода Тағоймурод  ба сухан баромада, зимни баромадҳои худ оид ба ҳаракати аъзои ҲХДТ, пардохти саривақти ҳаққи узвият, ҳуҷҷатгузорӣ ва ҷоннок намудани фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ, инчунин дар амал тадбиқи намудани ташаббусҳои ҲХДТ бахшида ба сазовор ҷашн гирифтани 30- солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, иштироки фаъолонаи аъзоҳои ҳизбӣ дар чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ, тақвият бахшидани фаъолияти ҳизбӣ, тарбияи насли наврас дар руҳияи ватанпарастиву хештаншиносӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии шаҳрвандон, даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, тозаю озода намудани манзилҳои зист ва вусъати корҳои ободонию сабзкорӣ, самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ, риояи талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва дар ин замина барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ибрози андеша намуданд.