ГАРМХОНА МАНФИАТИ БЕШТАР ДОРАД

Ҷайҳун:  

Ташкили гармхонаҳо яке аз усулҳои хуб ва сердаромад барои деҳқонон ва ҳар як оила маҳсуб меёбад. Зеро гармхона дар мавсиме, ки маҳсулотро омода месозад, дар он айём на ҳама имкони истеҳсоли онро дорад. Инчунин ҳосили маҳсулоти гармхона нисбат ба заминҳои корами обӣ бештар аст. Аз ҷониби дигар об низ самаранок истифода мегардад, зеро дар гармхона об ба воситаи қатрагӣ дода мешавад.

Боиси хушнудист, ки имрӯзҳо шумораи гармхонаҳо дар ноҳияи Ҷайҳун низ дар ҳоли афзоиш аст ва дар таъмини маҳсулотҳои барвақтӣ саҳми худро мегузоранд. Ҳамзамон бо баррзиёд истеҳсол шудани маҳсулот дар гармхонаҳо содироти он низ ба дигар минтақаҳо ва кишварҳои хориҷ боз манфиати бештар хоҳад овард.

Дирӯз масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халкии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷайҳун ҷихати вусъат бахшидани корҳои ободонӣ ва оқилона истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ бо сокинони Ҷамоати деҳоти Панҷи ноҳия ҳамсуҳбат гардида, аз ҳолати истифодаи заминҳои наздиҳавлигӣ ва гармхонаҳо дидан намуданд. Зикр гардид, ки ташкили гармхона яке аз усулҳои самаранок истифодабарии замин буда, дар баробари истеҳсол шаҳрвандон бо ҷойи кори доимӣ таъмин карда мешаванд.