Дар мавриди ҷодугарҳову фолбинҳо (дар умум "хурофотпарастон")

Ҳамадонӣ: Вокуниш  

Як омӯзгор доштем мегуфт, ки дар намоз хондан агар маънои сураҳоро надонед, ҳеҷ таъсире ба вуҷуди Шумо нахоҳад расид.

Бинед дар панҷ вақт намоз мо 32 маротиба сураи Фотиҳаро мехонем. Маълум, ки аксар нафароне, ки намоз мехонанду боз назди ҷодугарҳову фолбинҳо мераванд, маънои ин сураро намедонанд. Биёед яке аз оятҳои ин сураро маънояшро таҳлил кунем:

Сураи Фотиҳа ояти 5

"Иййака наъбуду ва иййака настаъин".

"Танҳо Туро мепастем ва танҳо аз Ту ёрӣ меҷӯем".

Мудом ки дар як рӯз ҳадди ақал 32 маротиба мо ба Офаридгор муроҷиат карда мегӯем, ки "Танҳо туро мепарастем ва танҳо аз Ту ёри меҷӯем", пас назди ҷодугарҳову фолбинҳо рафтан чаро? Ё боварӣ ба қудрати Худо надоранд? 

Ин яке аз мушкилиҳои доғи ҷомеаи имрӯза. Ба мисли ин мисолҳо зиёд. Боқи хулоса аз худи Шумо.