ШИОРИ ХОИНОНИ ВАТАН "ГӮР СӮЗАДУ ДЕГ ҶӮШАД" НАДОНИСТА АЗ ОН, КИ БАДХОҲИ КАСОН ҲЕҶ БА МАҚСАД НАРАСАД

Ҳамадонӣ: Вокуниш  

  Ҳашсаду наваду ду сол пеш риёзидон, ахтаршинос, шоир, таронасаро, файласуф, мусиқидон, мунаҷҷим, нависанда, физикидон ҳазрати Умар Хайёми Нишопурӣ дар як рубоии хеш барои тоифаи бадхоҳу бадкеш, басо бомаврид фармудаанд.

      

      Бадхоҳи касон ҳеҷ ба мақсад нарасад,

      Як бад накунад, ки бар худаш сад нарасад.

      Ман неки ту хоҳаму то хоҳӣ бади ман,

      Ту нек набинию маро бад нарасад.

    

      Таҳлили рубоиро ба хотири пурра фаҳмо будани он ба хонандаи матлаб канор гузошта, дар бораи ҳадафҳои муғризони хоинон, нотавонбинон, наҳзатиён, ифротиён ва пайравони онҳо дар фазои маҷозӣ мепардозем. Шояд инҷо хонандаи закӣ ва кунҷков донистан хоҳад, ки чаро муаллиф аз таҳлили фармудаи шоир мунсариф шудааст. Мегӯям хонанда: сухане, ки бо гузашти ин қадар сол вазн ва қадри худро гум накардааст зимнан асрҳои аср ҳам гузарад гум намекунад фикр мекунам, ки дигар ба таҳлилаш ниёзе нест.  

       Мусаллам аст , ки имрӯз бадхоҳони миллату давлати тоҷик барои амалӣ намудани аҳдофи муғризона бештар аз шабакаҳои иҷтимоӣ пайваста ва самаранок суистифода мебаранд. 

       Дар ин олами бедару дарвоза ва беназорат - интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ душманони миллати мо бо роҳи дурӯғбофӣ ғаразҳо ва кинаварзӣ мехоҳанд хешро ба чашми мардум ҳақ нишон дода, мардуми бедору ҳушёри Тоҷикистонро фиреб диҳанд. 

       Хушбахтона ин миллат бори дуюм зери роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои муаззами миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Оли муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки бо роҳи росту дуруст равона мебошад ҳаргиз фиреб намехӯрад. 

      Ман ба ин гуфтаҳояш касеро аз сомонаҳои иҷтимоӣ дур карданӣ нестам. Фақат ҳаминро таъкиди дар таъкид гуфтаниям, ки вақте, ки вориди сомонаҳои иҷтимоӣ мешавед аз он бадхоҳони миллату давлати тоҷик, ки садҳо ҷавони дар ҳукми гули ватанро ба доми фитнаи худ афтонда, хонаводаҳои онҳоро дар ғам тар намуданду як тори мӯйлабашонро нуҷумбонданд. 

      Фирефтаи пули ҳангуфти хоҷагони хориҷияшон гардида ба мағзшӯии ҷавонон доранд идома медиҳанд. Дар амалӣ намудани ин корашон бошад бешак сомонаҳои иҷтимоиро истифода мебаранд. Барои онҳо муҳим нест, ки оқибати ин ҷавон чӣ мешавад муҳим ҳадафу маромҳои касифи хоҷагони хориҷияшонро пиёда кунанд. Тавре, ки дар боло гуфтем: Гӯр сӯзаду дег ҷӯшад. 

      Бахши идеологии моро зарур аст, ки ҷавонону наврасонро дар ин самт боз ҳам огоҳ, ҳушёр, зирак ва бедор тарбия ва талқин намоем.

 

Ноқобилони дақр ба мақсад намерасад.

Дунё ҳамеша дар талаби марди қобил аст.

      Ростӣ баъди бо шоҳбайтҳои бузургони классику муосири адабиёти бою ғаниямон мисол овардан дигар ҳолати ҳеҷ гапе намемонад. Хулоса ҳамин аст хонанда: Шоисиа зиндагӣ намо!

 

Мудири шуъбаи иттилоот ва таблиғоти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҳамадонӣ Бахтзода Ҷомӣ