МУЛОҚОТИ ҲИЗБИЁН БО ХОНАНДАГОНИ СИНФҲОИ БОЛОӢ

Ҳамадонӣ: Созандагони ватан  

 Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №30 – и ҷамоати деҳоти Чубеки ноҳия бо хонандагони синфҳои болоӣ бо вохӯрии судманд ва самарабахшаи масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҳамадонӣ, дар мавзӯи "Пешгирии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷои ва мамнуъ" доир гардид.  

    Зимни мулоқот мудири масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия, Давлатов Фазлиддин ва Илҳом Насриддинов бо мақсади пешгирӣ аз ҷалби ҷавонон ба ташкилотҳои экстремистиву торрористӣ, аз байн бурдани таасуби динӣ ва хурофотпарастӣ бо ҳадафи солим нигоҳ доштани маънавиёти ҷомеа, огоҳонидани ҷавонони кишвар аз паёмадҳои хатароварӣ фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ ва фаъол гардонидани аҳолӣ дар роҳи мубориза бо онҳо, тарзи дуруст истифода бурдани шабакаҳои иҷтимоӣ гузаронида шуд.

Шуъбаи иттилоот ва таблиғоти