ТАШКИЛОТИ МАМНУИ ТЕРРОРИСТӢ, ЭКСТРЕМИСТИИ ҲНИТ ВА СИЁСАТИ ДУХӮРАИ ДАВЛАТҲОИ АВРУПОВУ АМРИКО

Ҳамадонӣ: Андеша  

Дар замони муосир дар баробари силоҳҳои сохти нав, нерӯи бузурги дигаре вуҷуд дорад, ки онро иттилоот мегӯянд. Имрӯз нафаре ва ё давлате, ки иттилооти наву тозаро дар даст дорад, соҳибқудрат ба ҳисоб меравад. Ҳамин ҳаст, ки инқилобҳои иттилоотии солҳои охир, ки онро тавсеаи бесобиқаи шабакаҳои иттилоотии фаромиллӣ ва пайдоиши интернет таҳрик доданд, ба халалдор гардидани фазои иттилоотиву фарҳангӣ ва арзишҳои суннатии давлатҳо ва миллатҳои гуногуни ҷаҳон оварда расониданд.

Имрӯз мафҳумҳои наве мисли ҷанги иттилоотӣ ва маҷбурӣ бор кардани қоидаҳои ҷаҳоншиносии сунъӣ арзи вуҷуд намудаанд, ки ҳадафи аслиашон бо роҳи ташкили инқилобҳои ранга, роҳандозии беназмиҳои сиёсӣ ва ташкили низоъҳои нарм дар байни омма, барои ба даст гирифтани қудрат дар харитаи нави сиёсии ҷаҳон мебошад. Ин аст, ки сол ба сол усули тафриқа андозу ҳукмфармоӣ намо, дар сиёсати ҷаҳонии баъзе доираҳо ва давлатҳои абарқудрат анъана шуда истодааст. 

Аз ин лиҳоз, барои ҷудоиву беназмиҳои сунъиро ба вуҷуд овардан, солҳои охир қудратҳои сиёсӣ аз қаламу маълумот ва иттилоот суиистифода карда истодаанд. Бузургворе таъкид месозад, ки “қалам рӯз то рӯз пуриқтидортар аз шамшер мешавад ва дере нагузашта сиёҳӣ, аксҳо ва воситаҳои электронӣ ҷойгузини аскарону танкҳо хоҳанд шуд”. Бешубҳа, имрӯз дастгоҳҳои бузурги иттилоотӣ ва расонаҳои машҳури ҷаҳонӣ таҳти контроли доираҳо ва давлатҳои абарқудратӣ ҷаҳонӣ қарор гирифтаанд. Ҳамагуна иттилооту маълумотҳои барои худашон лозимаро ба фоидаи манфиатҳои давлативу гурӯҳиашон истифода мебаранд. Онҳо бо иттилоотҳои худ тарзи ҳаёти суннатӣ, таҳрифи арзишҳои миллӣ, таҳрик додани муқовимати диниву мазҳабӣ ва ба ҷои арзишҳои аслӣ таҳмил намудани арзишҳои сунъӣ омили ҳама гуна низову хушунат гардидаанд. Ин буд, ки дар раванди чунин низоъпароканиҳои мухталиф дар кишварҳои Ироқу Сурия, Мисру Либия, Яману Афғонистон ва дигарон ҷангу ҷидолҳо ба вуқӯъ пайвастанд ва ҳолоам идома доранд.

Бинобар ин, давлати мо низ бояд дар роҳи ҳифзи фазои иттилоотӣ, фарҳанги маънавӣ ва арзишҳои миллӣ, ки аз берун таҳдидҳо шуда истодаанд, муборизаи қавӣ ва ҳадафнокро роҳандозӣ намояд. Имрӯз душманони давлату миллати тоҷик, ки дар хориҷа қарор доранд, ба ҷуз андешаву афкори манқуртии худ, дигар арзишҳоро эътироф намекунанд. Чун аз таърих таҷриба дорем, ки замони ҷанги шаҳрвандӣ барои наҳзатиҳои ифротӣ илму дониш ва маърифат бегона ба ҳисоб мерафт. Чӣ тавре, ки имрӯз аз лаҳни суханрониҳову мақолаҳое, ки дар шабакаҳои интернетӣ пахшу паҳн мегарданд, маълум аст, ки барномаи фаъолияташонро бар нақлу ривояти мазҳабии радикали асос карда, бо дашномҳои даюсу кофир фатвоҳо мебароранд. Аз ин рӯ тасаввур кунед, ки фикру андешаҳояшон аз толибони Афғонистон тафовут надошта, онҳо ҳамчун толибони тоҷик мебошанд.

Маврид ба зикр аст, дар ояндаи наздик чунин шахсони дорои андешаҳои тундгарову ифротгаро дар давлатҳои Аврупо зиндагонӣ карда наметавонанд. Чун аврупоиҳо аллакай аз сиёсати муҳоҷиратии 10 соли охири худ даст кашида истодаанд. Зеро, сиёсати гуногунандешии сиёсӣ ва идеологияи озоди ғарбӣ имкон дод, ки теъдоди муҳоҷирони мутаассиб, хусусан эътиқотмандони исломи радикаливу ифротӣ (бештар салафиҳо) афзоиш ёбанд. Аз ин фурсати муносиб гурӯҳу ҳаракатҳои радикаливу ифротӣ суиистифода карда, сафу пайравонашонро афзоиш дода, онҷо нуфузи бештарро касб намуданд ва дар охир ба баъзе арзишҳои бунёдии ҷомеаи Аврупо хатарҳо офарида истодаанд. Бояд гуфт, ки ҳоми ва маблағгузорӣ ин гурӯҳу ҳаракатҳо баъзе доираҳои сиёсӣ ва давлатҳои исломии бузурги иқтисодӣ мебошанд ва барои паҳну густариши ин идеологияҳо маблағҳои ҳанггуфт сарф менамоянд.

Дар баробари ин имрӯзҳо давлатҳои Аврупо зидди гурӯҳу ҳаракатҳои динии ифротӣ муборизаи шадид бурда, дар се соли охир бинобар терактҳои мудҳиш дар минтақаҳои гуногуни Аврупо будубоши ин гурӯҳҳоро онҷо таъғир дода истодаанд. Хусусан, баъзе ибодатгоҳҳое, ки онҷо ҷавонон таҳсили динӣ мегиранд, фаъолияташонро манъ карда, тарзи либоспушии занонро дар маконҳои ҷамъиятӣ низ таъғир додаанд. Вале боиси тааҷҷубовар аст, ки вақте кишвари мо фаъолияти баъзе гурӯҳу ҳаракатҳои динии тундгарову ифротӣ ва нафарони пайрави онҳоро манъ менамояд, зуд давлатҳои Аврупо садо баланд карда, аз нақзи ҳуқуқу озодиҳои сиёсиву динии инсон изҳори нигаронӣ мекунанд. Аммо дар ҳудуду давлатҳои худ ҳамарӯза ба ҳуқуқу озодиҳои чунин шаҳрвандон дахолат менамоянд.

Бинобар ин, сиёсати духӯраи давлатҳои Амрикову Аврупо ва дигарон бояд мардуми тоҷикро ҳушёру зирак намояд ва ба хотири ҳифзи оромии сиёсии кишвар ва якпорчагии ватану давлат роҳи дурустро дар муттаҳидӣ бо давлати миллии худ интихоб намоем ва дар таҳкиму тавсеаи сулҳу субот ва ҳифзи манфиатҳои миллии давлат саҳмгузор бошем.

Бахтзода Ҷомӣ Мудири Шӯъбаи иттилоот ва таблиғот