ЭМОМАЛӢ РАҲМОН- ШАХСИЯТИ ТАФАККУРСОЗИ МИЛЛАТИ ТОҶИК

Ҳамадонӣ: Андеша  

Дар таърихи давлатдории халқи тоҷик санаҳое ҳастанд, ки бо гузашти замон арзиши таърихияшон ҳамвора меафзояд. Яке аз ин чунин рӯйдод муҳимми таърихӣ, ки дар ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангии миллати куҳанбунёди мо тағйироти куллӣ ба вуҷуд овард, Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Истиқлол ба мо фаҳму дарки гиромӣ доштани ватану ватандорӣ, давлатдорию давлатсозиро таҳким бахшид. Имрӯз кору пайкори бардавоми созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи нигоҳ доштан ва тақвият додани истиқлоли сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар, ҳамзамон таъмини ҳаёти озодонаи ҳар фард ва бахту саодати воқеии ҷомеа мароми ҳар сокини кишвар мебошад.

9-уми сентябри соли 1991 Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон Истиқлоли давлатиро ба даст оварда, Ҷумҳурии Тоҷикистон ном гирифт ва ҳамчун кишвари озоду мустақил дар саросари дунё шинохтаву эътироф гардид. Мутаассифона, ин хурсандӣ дер давом накард ва дар ин кишвари дар таърих борҳо азияткашида соли 1992 ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ оғоз ёфт, ки ба сари мардуми тоҷик хонавайрониву сарсонӣ ва саргардониҳои зиёде овард. Сабаби асосии сар задани бесарусомониҳои дохилӣ аслан набудани шахсияти сиёсии воқеӣ буд. Сад шукр, ки дар чунин лаҳзаҳои басо ҳассоси таърихӣ шахсияте бо неру ва иродаи қавӣ дар симои Эмомалӣ Раҳмон чун армуғон ба сарнавишти мардуми Тоҷикистон эҳдо шуд, ки дар кутоҳтарин муддат маҷрои сиёсиро ба эътидол овард. Шоири ширинкалом Давлат Сафар ин хидматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар мисраъҳои зер зебо баён кардааст:

Худ фидо дар роҳи паймон кардааст,

Сад биёбонро гулистон кардааст,

Сарзамини пора-пора гаштаро,

Ҷамъ карда Тоҷикистон кардааст

Иҷлосияи XVI-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати XII, ки аз 16.11.1992 то 02.12.1992 дар Хуҷандшаҳри бостонӣ, дар қасри «Арбоб» давом кард, халқи тоҷикро аз ин буҳрони шадиди сиёсӣ раҳоӣ бахшид. Гӯиё раҳбари сиёсии тозаинтихоб Эмомалӣ Раҳмон бо омадан ба майдони сиёсат такрор ба такрор мегуфт:

На по гуфтам, на сар гуфтам, на ҷон гуфтам, на тан гуфтам,

Ватан гуфтам, Ватан гуфтам, Ватан гуфтам, Ватан гуфтам...

Вазъи сиёсии кишвар бо сарварии раиси Шурои Олии ҳамонвақтаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам эмомалӣ Раҳмон оҳиста-оҳиста рӯ ба эътидол овард. Эмомалӣ Раҳмон баробари омадан ба арсаи сиёсатсе рисолати комили таърихиро ба ҷо овард. Пеш аз ҳама,давлатсозии миллӣ, ташаккули шуури миллӣ ва дар ҳамин замина таъмини ваҳдати миллӣ, ки ин падидаҳо то ин муддат таманнои миллӣ буд. Моҳи ноябри соли 1994 бо раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд. Бар асари мулоқоту вохӯриҳои пайдарпайи Сарвари давлат ва намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо гурӯҳҳои мухолифини тоҷик 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Маскави Федератсияи Россия Созишномаи оштии миллии тоҷикон барои барқарор намудани сулҳу салоҳ дар Тоҷикистон ба имзо расид.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 20-уми марти соли 2001 дар мулоқот бо зиёиёни кишвар таъкид намуда буданд: «Ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, амалӣ гаштани шартҳои он, ки маҳз ба шарофати хиради воло ва фарҳанги асили халқамон ба мо муяссар шуд, ба тариқи демократӣ, бо иштироки фаъолонаи ҳизбҳои сиёсӣ ва кулли мардуми кишвар баргузор шудани интихоботи Президент ва парламенти касбии депутатӣ дар роҳи эҷоди ҷомеаи демократӣ иқдомоти ниҳоят ҷиддӣ гардиданд».

Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи давлатдории навини тоҷикон ҳодисаи нодир ва бесобиқа маънидод мегардад. Маҳз бо шарофати соҳибистиқлолӣ мо тавонистем пояҳои асосии давлатдориамонро мустаҳкам намуда, пайи беҳдошти арзишҳои миллӣ ва рушди босуботи кишвари азизамон ҷаҳду талош намоем. Соҳибистиқлолӣ ба мо, пеш аз ҳама, дарки худшиносии миллӣ, пос доштану муаррифӣ намудани арзишҳои миллӣ ва имкони интихоби дурусти роҳи минбаъдаи рушди давлати миллиро дод. Мардуми мо ҳамчун миллати дорои таҷрибаи ғании давлатсозӣ ба бунёди рукнҳои муҳимтарини давлату ҳукумат оғоз намуда, дар як муддати кутоҳ тавонист Тоҷикистонро ҳамчун мамлакати озоду демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ ба ҷаҳониён муаррифӣ намояд.

Замони соҳибистиқлолӣ дар радифи масъалаҳои зиёди печидаву сарбастаи сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодӣ заруратеро пеш овард, ки ба мактабу маориф, илму фарҳанг ва арзишҳои миллӣ эътибори вижа дода шавад ва ин самтҳо аз соҳаҳои афзалиятнок муаррифӣ шуданд. Таҷдиди назар ба мероси маънавӣ шуд, ки намунаи комили он омӯзиши рӯзгор ва осори Саноӣ, Аттор ва Ҷалолиддини Балхӣ барин симоҳои эҷодист. Дар аҳди шуравӣ ҳатто Ҷалолиддини Балхӣ барин симои беқиёси эҷодӣ, ки имрӯз сокинони Аврупою Амрико рӯ ба омӯзишу таҳқиқи фарогири осори безаволи ин мутафаккир овардаанд, дар барномаҳои таълимии мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ набуд. Соҳибистиқлолӣ ин мушкилоти маънавиро барҳам зад.

Ниёзи дигари замони соҳибистиқлолӣ тақвияти худшиносии миллӣ тавассути ташкил кардани конфронсу ҳамоиш ва симпозиумҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ буд. Воқеан, дар ин самт Роҳбари сиёсии кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши мантиқан қавӣ дошта, шахсияту чеҳраҳои маъруфи гузаштаву замони нави илму адабро ба ворисонашон муаррифӣ намуд ва бад-ин васила дар такомули худшиносӣ ва густариши ҳофизаи таърихии тоҷикон саҳми бориз гузошт.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фарҳанг” қабул гардид, ки он бузургдошти шахсиятҳои таърихию фарҳангӣ, обод кардани мақбараву оромгоҳҳои онҳоро пешбинӣ менамуд. Дар мамлакат 680-солагӣ (1995) ва 700-солагии (2015) олим ва маърифатпарвари бузург Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, 675-солагӣ (1996) ва 700-солагии (2020) шоир ва мутафаккири барҷаста Камоли Хуҷандӣ, 90-солагии шарқшиноси номӣ, ходими барҷастаи ҳизбӣ ва давлатӣ Бобоҷон Ғафуров (1998), 1100-солагии таъсиси давлатдории Сомониён (1999), 960-солагии олим ва шоири маъруф Умари Хайём (2001), 125-солагӣ (2003) ва 140-солагии (2018) аввалин президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон, сардафтари адабиёти муосири тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ, 90-солагӣ (2001), 100-солагӣ (2011) ва 110-солагии (2021) шоир ва мунодии сулҳу дӯстии халқҳо, Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода, 100-солагӣ (2011) ва 110-солагии (2021) Нависандаи халқии Тоҷикистон Сотим Улуғзода, 2500-солагии шаҳри бостонии Истаравшан (2002), 2700-солагии шаҳри Кӯлоб (2006), 15-солагӣ (2006), 20-солагӣ (2011), 25-солагӣ (2016) ва 30-солагии (2021) Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 800-солагии шоир ва орифи бузург Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, 1150-солагии сардафтари адабиёти классикии форсу тоҷик Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ (2008), 1310-солагии бузургдошти Имоми Аъзам (2009), 600-солагии шоир ва мутафаккири бузург Абдурраҳмони Ҷомӣ (2014), 3000-солагии Ҳисори Шодмон, 400-солагии Сайидои Насафӣ (2018) тантанавор ҷашн гирифта шуданд. 23-юми феврали соли 2010 бо қарори Ассамблеяи Генералии СММ ба Соли нави миллии тоҷикон – Наврӯз мақоми байналмилалӣ дода шуд.

Дар ҳаёти одамизод, дар табиат ва умуман дар олами ҳастӣ мафҳумҳое ҳастанд, ки аҳаммияти ниҳоят бузург доранд ва бе онҳо дар замин ҳаёт арзи вуҷуд дошта наметавонад. Ба қатори ин мафҳумҳо чаҳор унсур – обу оташ, хоку бод дохил мешавад (ба қавли олимон, дунё аз онҳо таркиб ёфтааст). Яке аз ин чаҳор унсур ОБ аст, ки моеи беранг ва шаффоф буда, аз омезиши ҳидроҳен (Н) ва оксиҳен (О) таркиб ёфтааст.

Оре, об манбаи ҳастии ҳама мавҷудоти олам аст. Об захираи бузургест, ки воқеияти он ҷаҳону зиндагониро таровату зебоӣ ва сарсабзиву озодагӣмебахшад. Ҳастии гулу гиёҳ, ҳайвоноту наботот, рустаниву инсоният, хосса зиндагии осоиштаву обод ва озодаву пурбаракат ҳама азоб вобастагӣдорад.Аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани Даҳсолаи байналмиллали «Об барои рушди устувор, 2018-2028» боз як марҳалаи муҳим дар раванди муттаҳид гардонидани талошҳои дастаҷамъонаи кишварҳои дунё баҳри расидан ба ҳадафҳои рушди устувор вобаста ба об эътиоф гардид. Маҳз ташаббусҳои Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои нахустини ба ҳайси Сарвари давлат интихоб гардиданашон ҷиҳати баланд бардоштани нуфузу эътибори байналмилалии Тоҷикистон ва ҳалли масъалаҳои глобалии олам ниҳоят бузург ва саривақтӣ буданд. Пешвои муаззами миллат муаллифи чор ташаббуси бузург дар самти оби ошомиданӣ мебошанд, ки дар сатҳи байналмилалӣ аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шудаанд:

1. «Соли байналмилалии оби тоза, 2003»;

2. «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013»;

3. «Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт, 2005-2015»;

4. «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028».

Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018- 2028”, ки аз ҷониби давлатҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид якдилона қабул шуд, бори дигар эътирофгари созандагӣ ва ташаббускории ин миллат аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад.

Бо ташаббуси бевоситаи Сарвари давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон мардуми фарҳангсолори тоҷик дар қатори ҷашни “Наврӯз” ҷашнҳои “Тиргон”, “Меҳргон” ва “Сада”-ро низ таҷлил менамоянд. Оши палав низ ба ҳайси таоми суннатии тоҷикон як навъ унсури фарҳангсоз ва муттаҳидкунандаи мардум буда, дар шакли номинатсияи алоҳида аз ҷониби олимони Пажӯҳишгоҳи илмӣ-таҳқиқотии фарҳанг ва иттилоот таҳия гашта, ба Феҳристи репрезентативии ЮНЕСКО оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримодии башарият пешниҳод шуд. Вай дар санаи 1-уми декабри соли 2016 дар Ҷаласаи 11-уми байнидавлатии ЮНЕСКОоид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримодӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, расман дар феҳристи мазкур сабт карда шуд.Ин дастоварди фарҳангиёни кишвар боиси шодӣ ва мояи ифтихор буда, аз миллати фарҳангофар будани тоҷикон гувоҳӣ медиҳад.Бо ин хидматҳои мондагор Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист ҳамон холигоҳи маънавиро, ки ба ҷурми сиёсати собиқ ҳукумати шуравӣ пайдо шуда буд, комил гардонад.Маълум, ки дар тамоми давраҳои таърихӣ ҳастии миллатро ба воситаи адабиёту фарҳанги он мешиносанд ва қадршиносӣ мекунанд. Ҳанӯз дар асрҳои IX-X шоҳони Сомонӣ дар Мовароуннаҳр ва Хуросон бо омезиши фарҳанги гузаштаву замони худ забону адабиёти наверо ба вуҷуд оварданд, ки сабаби пойдории фарҳанг ва бақои миллати тоҷик гардид. Яъне асри Х-ро, бидуни муболиға, метавон давраи тиллоии инкишофи ҳама соҳаҳои адабу фарҳанги тоҷикон номид. Ҳамин падидаи некро истиқлоли сиёсиву фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардуми он такони тоза бахшид.Забону адабиёти оламшумули мо дар давраи нав боз ҳам такмил меёбад ва он бо ғояҳои тозаю нав дар замони соҳибистиқлолии кишвари азизамон ташаккул ва рушд мекунад. Омӯзишу таҳлили ин осори бебаҳо ба дӯши он нафаронест, ки забону адабиёт ва фарҳанги миллии хешро гиромӣ медоранд ва ҳифз мекунанд. Дар айёми Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ормонҳои миллӣ ҳамаҷониба татбиқ гардиданд. «Барои ман забони тоҷикӣ на танҳо воситаи гуфтугӯю муошират ба шумор меравад, балки болотар аз он, шиносномаи миллати азизам, рӯҳи поки гузаштагонам ва оинаи осори ниёконам мебошад», - зикр кардааст Эмомалӣ Раҳмон дар китоби “Забони миллат – ҳастии миллат”.

Забони миллат ҳамчун ҳастии миллат шинохта шуд ва он як рукни меҳварии давлати миллӣ гардид. Забони миллӣ аз баландтарин минбари сиёсии байналмилалӣ - Созмони Милали Муттаҳид садо медиҳад, ки ин дастоварди бузурги замони Истиқлол мебошад.

Ҳукумати миллӣ, пеш аз ҳама, барои эҳёи арзишҳои миллӣ ва ғанӣ гардонидани онҳо чораҳои ҳаматарафаро роҳандозӣ менамояд. Яке аз ҷиддитарин дастовардҳои миллати тоҷик адабиёт - каломи ҳунарии манзуму мансури беқиёси он, дониста мешавад. Сарвари давлат аз таҳаввулоти он дар гузашта ва рисолаҳои таърихии адибони асримиёнагӣ огоҳии комил доранд.

Замони соҳибистиқлолиро ба маънои томаш даврони эҳёи илму фарҳанг метавон гуфт, ки ба кору пайкори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайванди ногусастанӣ дорад. Рисолати таърихии дар ин ҷода баҷоовардаи Сарвари давлатро ҳам дар осори таълифнамуда ва ҳам дар асарҳои ба фаъолияти серсоҳаи ин чеҳраи дунёи сиёсат бахшидашуда метавон мушоҳида кард. Далели барҷастаи ин гуфтаҳо асарҳои “Тоҷикон дар оинаи таърих” (1996), “Аз Ориён то Сомониён” (иборат аз ду китоб: китоби якум, 1999, китоби дуюм, 2002), “Ориён” (2007), “Забони миллат – ҳастии миллат” (иборат аз ду китоб: китоби якум 2016, китоби дуюм 2020), “Чеҳраҳои мондагор” (2016) мебошанд, ки нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар бедор намуани худшиносиву худогоҳӣ, баланд бардоштани ҳувияти миллӣ, тақвият бахшидани ҳиссӣ ватандӯстӣ ва дифои арзишҳои миллӣ бозгӯ мекунанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз замони ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ бо мушкилоти зиёде рӯ ба рӯ гардид. Низоми ягонаи иқтисодии кишвар аз байн рафт, ки мушкилоти зиёди иқтисодиву иҷтимоиро барои Тоҷикистони тозаистиқлол ба бор овард. Чунин мушкилиҳо тамоми соҳаҳои иқтисоди кишвар, хосатан соҳаҳои энергетика, саноат, нақлиёт ва кишоварзиро фаро гирифт. Баъд аз он ки дар кишвар сулҳу субот пойдор гардид, дар назди Ҳукумати Тоҷикистон масъалаи таъмини рушди устувори иқтисодии кишвар ба миён омад. Бинобар ин, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои инкишофи минбаъдаи кишвар ҳадафҳои стратегии таъмини рушди босуботи иқтисодиёти Тоҷикистонро, аз ҷумла:

1.Таъмини истиқлолияти энергетикӣ (Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2009);

2.Баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ;

3.Таъмини амнияти озуқаворӣ (Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2008);

4.Саноатикунонии босуръати кишвар (Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2018)-ро муайян намуд.

Аз таърих ба мо маълум аст, ки барои ҳар халқу миллат як давраи муайяне ба андозае ё ба дараҷае аҳди сарнавиштсоз шинохта мешавад ва барои ба нафъи миллат истифода бурдани он соҳибони забон, аз зиёиён то соҳибкорону дигар қишрҳои ҷомеа бояд кӯшиш ба харҷ диҳанд. Даврони соҳибистиқлолӣ барои миллати тоҷик ҳамин гуна давраи сарнавиштсоз аст. Хушбахтона, бо ташкили давлати миллӣ масоили фарҳангу забони миллии мо низ ҳамвора мавриди таваҷҷуҳи ҳукумати ҷумҳурӣ, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қароргирифт. Арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ, махсусан забону адабиёт ва фарҳанги мардуми тоҷик дар замони Истиқлол, беш аз пеш афзуда, барои ривоҷу равнақи забони миллӣ шароити мусоид фароҳам омадааст. Таълиф ва нашри китоби “Забони миллат – ҳастии миллат” бо мақсади омӯзишу таҳқиқи таърихи забони тоҷикӣ ва авомили сиёсию фарҳангии инкишофи забони тоҷикӣ дар давраҳои муайяни таърихӣ, заминаҳо ва марҳилаҳои рушди забони тоҷикӣ аз падидаҳои хуби арҷгузорӣ ба фарҳангу забони миллии мост. Ҷойи ифтихору сарфарозист, ки Пешвои фарҳангпарвару донишдӯсти мо баҳри аҳли илму мутахассисони соҳаи филология чунин асари арзишманд таълиф кардаанд, ки ҷиҳати таҳқиқу омӯзишиминбаъдаи марҳилаҳои инкишофи забону адабиёти тоҷик заминаи мусоид фароҳам меорад.Яке аз бунёдитарин иқдомҳои Ҳукумати Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин ташкил кардани озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон - Ватани азизи ман”, “Илм – фурӯғи маърифат” ва “Тоҷикон дар оинаи таърих” мебошад, зеро бунёд, имрӯз ва ояндаи ҳар давлату миллат ба илмомӯзӣ ва маърифатнокшавии мардум вобаст аст. Ин аст, ки баргузории ин озмунҳо барои худшиносии миллӣ ва тақвияти он, ифтихор аз ватану ватандорӣ, омӯзиши мероси ниёгон ва оммавӣ гардонидани он, омӯзиши техника ва технологияи муосир ва сохтани он, зиёда аз ин, боло бурдани маънавиёти миллат ва ҷомеа мебошад.Бартарии озмунҳои мазкур бевосита бо ташабус ва иқдомҳои маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон созмон дода шудаанд, ки баҳри тақвияти илму фарҳанги миллӣ комилан мусоидат мекунанд. Ин худ гувоҳи он аст, ки давлат ва ҳукумати миллии Тоҷикистон ба илмҳои муосир ҳамчун соҳаи тафаккурсози ҷомеа ва миллат ғамхориҳои пайваста менамояд. Албатта, ин ҳама аз тафаккури созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати тоҷик сарчашма мегирад.

 

Сироҷиддини ЭМОМАЛӢ,

доктори илми филология, профессор