НАСБ НАМУДАНИ ШИОРУ ОВЕЗАҲО БАХШИДА БА ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ, ДАР ПЕШТОҚИ КОРГОҲИ ХУД

Ҳамадонӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

#ҲАМАДОНӢ: Бо мақсади дар сатҳи баланд ва зарурӣ, сазовор таҷлил намудани ҷашни байналмилалии Наврӯз, санаҳои таърихӣ ва чорабиниҳои сиёсӣ дар ноҳияи Ҳамадонӣ, корҳои созандагиву бунёдкорӣ вусъати тоза гирифта, чунин иқдомҳои ободонӣ дар ҳудуди ноҳия ҳамарӯза идома дошта, симои онро бозҳам зебову назаррабо намуда истодааст.

         Боиси қайд аст, ки назди ташкилоту муассисаҳо, корхонаву коргоҳҳо, хиёбону кӯчаҳои шаҳраку деҳаҳои ноҳия бо шиору овезаҳо, байрақу Парчамҳои давлатӣ зебу зинат дода шуда, муҳити атроф тозаву озода нигоҳ доштани мешавад. Сокинони ноҳияи Ҳамадонӣ бо шукргузорӣ аз сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ободу зебо гардонидани маҳалли зисти худ машғуланд.Санаи 19-уми марти соли 2024 дар ин раванд баҳри тарғибу ташвиқи ҳадафҳои созанда, бахшида ба таҷлили ҷашни НАВРӮЗИ ХУҶАСТАПАЙ бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҳамадонӣ хосса роҳбарияти он муҳтарам Мирзозода Нурулло Абдулҳай ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҳамадонӣ муҳтарам Аббос Саймуддинзода, дар бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҳамадонӣ овезаҳои дорои нақши инъикоскунандаи наврӯзӣ насб карда шуд. Ногуфта намонад, ки насби шиору овезаҳо яке аз ҳадафҳои асосии ҳизб маҳсуб ҷиҳати таблиғ ва тарғиби арзишҳои миллӣ маҳсуб меёбад. Ҳадаф аз насби чунин шиору овезаҳо пеш аҳ ҳама ду чиз аст: якум таблиғу ташвиқ, ки пеши чашми бинанда нақши муҳим мебозад, дуюм ин арҷ гузоштан ба суннатии волои ниёгон - Наврӯз

   

Бахтзода Ҷомӣ, Шуъбаи иттилоот ва таблиғот