КАЛИДИ ДАРҲОИ БАСТА (Дар бораи озмунҳое, ки воқеан омӯзандаанд)

Ҳамадонӣ: Андеша  

Воқеан ҳам дар ягон давру замон ҷомеаро бе китобу китобдорӣ тасаввур кардан нашояд. Рӯ овардан ба китоб, яъне мутолиаи зиёди он таркиби луғавии тафаккури инсонро ғанӣ гардонда, дар саводнокшавии ӯ саҳми арзандае мегузорад. Маҳз китоб равшанкунандаи роҳи башар буда, ақлро комил, зеҳнро тез, хотираро қавӣ, илмро бештар ва зиндагиро мунаввару рангинтар месозад. Бешубҳа, калиди дарҳои бастаи маърифатро боз намуда, касро ба хати низоми хирадмандӣ ворид месозад ва боис мегардад, ки имрӯзи худ ва ҷомеаро аз дирӯз беҳтар созем. Бо дарназардошти ин гуна баланд будани мавқеи китоб дар ҳаёти насли башар Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якчанд озмунҳои ҷумҳуриявиро ,ки дар сатҳи баланди саводнокшавии ҷомеаи имрӯза нақши амиқеро мегузарад, роҳандозӣ намуданд. Ҳадаф аз чунин озмунҳо баланд бардоштани завқи ҷомеа, дарёфти чеҳраҳои нодири рӯ ба китоб оварда, пешрафти илму техника ва асоси саводнок гардонидани ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ аст.

Озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст"таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2019 инҷониб баргузор мегардад. Озмуни мазкур бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвият бахшидани тафаккур, инкишофи қобилияти эҷодӣ ва фаъолгардонии доираи забондонӣ ташкил гардида, миёни табақаҳои мухталифи ҷомеа баргузор мегардад.

Озмуни ҷумҳуриявии "Илм фурӯғи маърифат" низ таҳти сарпарастии Ҷаноби Олӣ бо мақсади амалисозии "Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ" дар соҳаи илму маориф баргузор мегардад. Ҳадаф аз ташкили озмун дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технология, ихтироъкорӣ ва навоварӣ, ҷалб кардан ба омӯзиши фанҳои риёзиву табиӣ мебошад.

Ҳамчунин озмуни ҷумҳуриявии "Тоҷикон"-оинаи таърихи миллат "дар сатҳи фаъол амал карда истодааст ки мақсади асосӣ донистани таърихи куҳанбунёди тоҷикон, ифтихор аз фарҳангу тамаддуни гузаштаи хеш ва аслу ниёгонро шинохтан аст.

Сарвари давлат маҳз бо сабаби ҷалби ҷомеаи имрӯза ба китоб роҳҳои зиёди ҳавасмандкуниро пеша намуда,ба ғолибони ҳар як озмуни зикргардида миқдори зиёди мукофотпулӣ ва туҳфаҳои дигари арзандаро пешкаш намудааст. Китобхон гардидан, аз таърихи ниёгони хеш бохабар будан ҳисси худогоҳӣ ва худшиносиро баланд бардошта , садоқат ба Ватан-Модарро зиёд мегардонад ва касро ба дунёи тозае ворид месозад.Аз ин рӯ, пайваста ҳамнишини китоб будан роҳест басо хирадмандона, ки хонандаро ба умқи орзӯҳо ворид месозад.

 

Бахтзода Ҷомӣ