ТАШАББУСҲОИ ҲИЗБӢ ДАР ДОИРАИ СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ

Ҳамадонӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Тавре, ки Пешвои миллат зикр карданд: "Конститутсияи мо ба мисли чароғи раҳнамоест, ки ҷомеаро ба ояндаи нек раҳнамун месозад. Он меҳварест, ки тамоми неруҳои созандаи кишварро дар руҳияи эҳтиром ба қонун муттаҳид менамояд. Ҳамаи мо бояд ба қадри ғамхориҳои падаронаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давлату давлатдории миллӣ истиқлолу сулҳу ваҳдат бирасем, донишҳои ҳуқуқии худро баланд бардорем ва баҳри ояндаи нек бо риояи нуқтаҳои Кониститутсияи кишвар қадамҳои устувор гузорем.Фаромӯш набояд кард, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, саҳм гирифтан дар эҳтиром ва риояи қонунҳо, пешравӣ ва шукуфоии кишвари азизамон - Тоҷикистони соҳибистиқлол вазифаи пуршарафу пурифтихори ҳар як сокини шарафманди он аст.  Дар радифи гуфтаҳои боло, китобдорони Китобхонаи марказӣ оиди эълон гардидани соли "Маърифати ҳуқуқӣ" ба муасисаҳои таълимии рақами 1 ва 13 равона гардида, дар бораи ҳуқуқу ҳимояи шаҳрвандӣ бо хонандагон сӯҳбат гузарониданд.