ХОНИШИ СИЁСИ АЗ РӮЙИ АСАРИ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ТАШКИЛОТИИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ  "СИНО"

Ҳамадонӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Имрӯз дар муасиссаи таҳсилоти миёнаи умумии N⁰14-и ҷамоати шаҳраки Москва ки роҳбарии онро муаллимаи азиз муҳтарама Ҷурабекова Махфират  бар дӯш доранд бо иштироки васеи омӯзгорон ҳамзамон омӯзгорони ҷавон  аз рӯйи асари  "Забони миллат - ҳастии миллат"- и  Эмомалӣ Раҳмон хониши сиёси ва намоиши китоб баргӯзор гардид.      Зимни баргузории маҳфили адабӣ-илмӣ сарвари муасисса ҳозиринро бар он ҳидоят намуд, ки имрӯз бештари мардуми мо аз мутолиаи китоб хело фосила гирифтаанд  сабаби ҷамъ шудани мо ва баргузор намудани чунин маҳфилҳои имли-адабӣ низ ҳамин аст, ки мо бояд дар ташвиқ,тарғиб ва таблиғи адабиёти илмӣ ва бадеӣ билхосса китобҳои мондагори фундаменталӣ ба монанди "Тоҷикон" ва асарҳои Эмомалӣ Раҳмон саҳми калидии хешро гузорем. Дар вохӯрии мазкур -мудири бахши таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҳамадонӣ  аз ҳозирин даъват ба амал овард ки фарзандон кӯдакон ва  наберагони худро ба хондани китобҳои бадеӣ, маҳорати азхудкунии шеъру ғазалҳо, рубоётҳо ва омодашавии онҳо дар иштироки фаъолона ба Озмуни ҷумҳуриявии “Фуруғи субҳи донои китоб аст”  суханрони намуданд.Гуфтан бамаврид ҳаст, китобхонӣ хосияти хубе дорад, ки инсон пас аз одат кардан тамоми умр ҳамроҳи китоб мегардад. Аммо барои одат кунонидани кўдакон ба китобхонӣ нақши волидайн, муаллим ва омӯзгор дар мадди аввал меистад.

Шуъбаи иттиллоот ва таблиғот