ҲУҶҶАТГУЗОРӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОӢ.

Ҳамадонӣ:  

Бо мақсади дуруст ба роҳ мондани ҳуҷҷатгузории ташкилоти ибтидоӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Шуғли аҳолӣ" вохӯрии  кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ баргузор гардид. Зимни вохӯрӣ мутахассиси бахши омори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Комилова Гулбутта  аз ҳуҷҷатгузории ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Шуғли аҳолӣ" дидан намуд. Ҳамчунин ба  аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизбии " Шуғли аҳолӣ" оиди ҳуҷҷатгузории ташкилоти ибтидоӣ маслиҳатҳои муфид дода шуд.