МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ–ИНТИХОБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “МАРКАЗИ МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ БЕМОРИҲОИ ПУСТУ ЗУҲРАВӢ”

Фархор:  

Тибқи талаботи Оинномаи ҲХДТ ва дар асоси ҷадвали баргузории маҷлисҳои ҳисоботӣ–интихоботӣ дар ташкилоти ибтидоии “Маркази мубориза бар зидди бемориҳои пусту зуҳравӣ” маҷлиси ҳисоботӣ интихоботӣ доир гардид.

Маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботиро раиси ташклоти ибтидоии “Маркази мубориза бар зидди бемориҳои пусту зуҳравӣ” ифтитоҳ намуда, ҳозиринро бо рӯзномаи маҷлисшинос намуда, барои тасдиқ ба овоз гузошт.

Сипас аз рӯйи масъалали якуми рӯзномаи маҷлис ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии “Маркази мубориза бар зидди бемориҳои пусту зуҳравӣ” оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар давраи ҳисоботӣ аз моҳи ноябри соли 2019 то моҳи майи соли 2022 ва вазифаҳо барои минбаъда шунида шуд.

Оид ба масъалаи дуюми рӯзномаи маҷлиси зикр шуд, ки дар маъракаи ҳисоботӣ –интихоботӣ роҳбарияти ташкилоти ибтидоӣ аз нав интихоб карда мешаванд.

Бо ҷонибдории аъзои ҳизб раиси ташкилоти ибтидоии “Маркази мубориза бар зидди бемориҳои пусту зуҳравӣ” интихоб шуданд.

Бо назардошти қарори Маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор оид ба муқаррар намудани меъёри намояндагии вакилон аз ташкилоти ибтидоии “Маркази мубориза бар зидди бемориҳои пусту зуҳравӣ” 1 нафар вакил ҷиҳати иштирок дар Конференсияи ҳисоботӣ-интихоботии ҲХДТ дар ноҳияи Фархор интихоб карда шуд.

Ҳамзамон дар маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботии ташкилоти ибтидоии “Маркази мубориза бар зидди бемориҳои пусту зуҳравӣ” мудири шуъбаи табалиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар наҳияи Фархор оид ба беҳтар намудани самти фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ, тарғибу ташвиқи тарди дарусти заминҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ бо мақсади бардоштани то се ҳосил дар як мавсим, амалӣ намудани қонунҳо, тарбияи ватандӯстиии ҷавонон, пешгирии таассубу хурофот, ҷудошавии оилаҳои ҷавон ва дигар масъалаҳоро таъкид намуд.